НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ 7 марказ ва озмоишгоҳи таълимӣ кушода шуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар донишгоҳ 7 марказ ва озмоишгоҳи таълимӣ, аз ҷумла «Маркази таълимии сайёҳӣ ва меҳмондорӣ», «Маркази таълимии тиҷорат ва соҳибкорӣ», «Маркази сабти овоз», «Китобхонаи электронӣ», озмоишгоҳҳои «Геоинформатсионӣ», «Петрография ва минералогия», «Конҳои канданиҳои фоиданок», «Суфтакунӣ ва коркарди сангҳо» кушода шуданд, ки таконбахши раванди илму таълим мебошанд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Амид Комилбек иброз намуд.
Фаъолияти 31-солаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ собит намуд, ки иқдоми наҷиб ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти бузург дорад. Дар ин муддат донишгоҳро зиёда аз 20 ҳазор нафар хатм намуданд, ки имрӯз дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии мамлакат софдилонаю содиқона фаъолият доранд.
Иброз гардид, ки соли 2023 дар шаҳри Хоруғ 4 устоди донишгоҳ низ дар қатори дигар хизматчиён ва истиқоматкунандагон соҳиби хонаҳои истиқоматии хизматӣ гардиданд.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз рӯи 64 ихтисос, ки 35 ихтисосаш марбут ба равияи омӯзгорӣ мебошад, мутахассис омода менамояд. Дар доираи ихтисосҳои зинаи бакалавр ва мутахассис 48 ихтисос марбути зинаи бакалавр буда, 16 ихтисос ба зинаи мутахассис мувофиқ мебошад. Ба таҳсили рӯзона 64 ихтисос ва ба таҳсили фосилавӣ 21 ихтисос равона шудааст.
Инчунин тазаккур дода шуд, ки пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ сол ба сол таҳким ёфта, ҳоло 11 озмоишгоҳу марказҳои илмӣ-таълимӣ, 6 синфхонаи компютерӣ, 2 маркази тестӣ, 2 маркази инноватсионӣ, Маркази таълимӣ- фарҳангии Ҳиндустон ва Русия амал менамоянд. Озмоишгоҳҳои илмию таълимии химия, физика биология бо таҷҳизоти муосири таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд. Ҳамзамон барои пеш бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ омӯзгорон ва донишҷӯён корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар ҳамкорӣ бо озмоишгоҳҳои институтҳои соҳавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Дар иҷрои корҳои илмӣ пойгоҳи парки технологӣ, озмоишгоҳҳо ва гармхонаи Ҷелондеҳ самаранок истифода мешаванд.
Дастаи донишҷӯёни GDSC-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар лоиҳаи Google Solution Challenge-2023 байни якуним ҳазор дастаи донишҷӯёни донишгоҳҳои ҷаҳон иштирок намуда, ба қатори 100 лоиҳаи беҳтарини ҷаҳон аз рӯи лоиҳаи инноватсионии «Innovative Electronic Health Record» (Корти инноватсионии электронии тиббӣ) дохил шуд. Дастаи донишҷӯёни GDSC – и Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар озмунҳои ватанӣ сазовори ҷойи якум гардида, минбаъд барои такмили лоиҳа ва иштирок дар озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ омодагии ҷиддӣ мебинад.
Ҳоло донишгоҳ бо 34 муассисаи таълимию илмии хориҷи мамлакат ҳамкорӣ менамояд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






