НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ 7 марказ ва озмоишгоҳи таълимӣ кушода шуд

Февраль 6, 2024 08:37

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар донишгоҳ 7 марказ ва озмоишгоҳи таълимӣ, аз ҷумла «Маркази таълимии сайёҳӣ ва меҳмондорӣ», «Маркази таълимии тиҷорат ва соҳибкорӣ», «Маркази сабти овоз», «Китобхонаи электронӣ», озмоишгоҳҳои «Геоинформатсионӣ», «Петрография ва минералогия», «Конҳои канданиҳои фоиданок», «Суфтакунӣ ва коркарди сангҳо» кушода шуданд, ки таконбахши раванди илму таълим мебошанд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Амид Комилбек  иброз намуд.

Фаъолияти 31-солаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ собит намуд, ки иқдоми наҷиб ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти бузург дорад. Дар ин муддат донишгоҳро зиёда аз 20 ҳазор нафар хатм намуданд, ки имрӯз дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии мамлакат софдилонаю содиқона фаъолият доранд.

Иброз гардид, ки  соли 2023  дар шаҳри Хоруғ 4 устоди донишгоҳ низ дар қатори дигар хизматчиён ва истиқоматкунандагон соҳиби хонаҳои истиқоматии хизматӣ гардиданд.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз рӯи 64 ихтисос, ки 35 ихтисосаш марбут ба равияи омӯзгорӣ мебошад, мутахассис  омода менамояд. Дар доираи ихтисосҳои зинаи бакалавр ва мутахассис 48 ихтисос марбути зинаи бакалавр буда, 16 ихтисос ба зинаи мутахассис мувофиқ мебошад. Ба таҳсили рӯзона 64 ихтисос ва ба таҳсили фосилавӣ 21 ихтисос равона шудааст.

Инчунин тазаккур дода шуд, ки пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ сол ба сол таҳким ёфта, ҳоло 11 озмоишгоҳу марказҳои илмӣ-таълимӣ, 6 синфхонаи компютерӣ, 2 маркази тестӣ, 2 маркази инноватсионӣ, Маркази таълимӣ- фарҳангии Ҳиндустон ва Русия амал менамоянд. Озмоишгоҳҳои илмию таълимии химия, физика биология бо таҷҳизоти муосири таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд. Ҳамзамон барои пеш бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ омӯзгорон ва донишҷӯён корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар ҳамкорӣ бо озмоишгоҳҳои институтҳои соҳавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Дар иҷрои корҳои илмӣ пойгоҳи парки технологӣ, озмоишгоҳҳо ва гармхонаи Ҷелондеҳ самаранок истифода мешаванд.

Дастаи донишҷӯёни GDSC-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар  лоиҳаи Google Solution Challenge-2023 байни якуним ҳазор дастаи донишҷӯёни донишгоҳҳои ҷаҳон иштирок намуда, ба қатори 100 лоиҳаи беҳтарини ҷаҳон аз рӯи лоиҳаи инноватсионии «Innovative Electronic Health Record» (Корти инноватсионии электронии тиббӣ) дохил шуд. Дастаи донишҷӯёни GDSC – и Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар озмунҳои ватанӣ сазовори ҷойи якум гардида, минбаъд барои такмили лоиҳа ва иштирок дар озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ омодагии ҷиддӣ мебинад.

Ҳоло донишгоҳ бо 34 муассисаи таълимию илмии хориҷи мамлакат ҳамкорӣ менамояд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Февраль 6, 2024 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад