НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Ҳисор 504 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
ҲИСОР, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳри Ҳисор ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 1675 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора 38 корхонаи истеҳсолию саноатӣ, 40 иншоот дар соҳаи кишоварзӣ, 60 иншоот дар соҳаи маориф, 44 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 11 иншоот дар соҳаи фарҳанг, 54 иншоот дар соҳаи варзиш, 11 иншоот дар соҳаи сайёҳӣ ва дигар иншоот мебошанд. Дар ин хусус имрӯз, 7 феврал Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
То имрӯз аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 504 иншоот, аз қабили корхонаю коргоҳи саноатӣ, иншооти соҳаҳои тандурустию маориф, биноҳои истиқоматӣ, иншооти хизматрасонӣ ва дигар биноҳо ба истифода дода шуданд. Гуфта шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи саноат дар ин давра 21 корхонаи нави саноатии хурду миёна ба фаъолият оғоз намуда, дар онҳо 206 сокини шаҳр бо ҷойи нави кор таъмин гардид.
Иброз гардид, ки дар 89 корхонаи фаъолиятдоштаи шаҳри Ҳисор соли 2023 суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 107,0%-ро ташкил дод. Саноати коркард 106,3%, тақсими неруи барқ 112,9% ва рушди саноати истихроҷи маъдан 81,4%-ро ташкил дод.
Ҳамчунин соли 2023 баҳри татбиқи саноатикунонии босуръати шаҳр 3 корхонаи аз фаъолият бозмонда- ҶДММ “Равғани Ҳисор”, ҶДММ “Тоҷикавтокараван” ва корхонаи пахтатозакунии ҶСК “Пахтаи Ҳисор” бо ворид намудани технологияи инноватсионӣ ба кор дароварда шуданд.
Зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Ҳисор ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба рушди самтҳои дигари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр, нақшаю дурнамо барои ба шаҳри муосири саноатӣ табдил додани Ҳисор, омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон посух дод.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






