НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик 231 иншооти ҷашнӣ бунёд ва навсозӣ мешавад
КӮЛОБ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35 — солагии ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бунёду навсозии 231 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, иброз намуд Раиси ноҳияи Темурмалик Шералӣ Ҳасанзода 7 феврал зимни нишасти матбуотӣ.
Гуфта шуд, ки аз ин шумора соли 2023 83 иншоот ба истифода дода шуда, сохтмони 116 иншооти дигар бо маром идома дорад.
Ҳамчунин изҳор гардид, ки соли 2023 дар ноҳияи Темурмалик ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 24,7 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 781,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Таъкид шуд, ки соли 2023 дар ноҳияи Темурмалик нақшаи қисми даромади буҷет ба андозаи 146 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 20,7 миллион сомонӣ нақшаи пешбинишуда 30,3 миллион сомонӣ ворид гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки соли 2023 аз ҳисоби буҷети вилоят ба буҷети ноҳия 36,5 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд






