НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон теъдоди ҳолатҳои фавқулода коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соли 2023 теъдоди ҳолатҳои фавқулода нисбат ба соли қаблӣ коҳиш ёфтааст. Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Тибқи омор, агар соли 2022 дар Тоҷикистон 697 ҳолати фавқулодаи табиӣ рух дода бошад, соли 2023 ин рақам 557 ҳолатро ташкил дод, ки дар 48 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат зарар расидааст.
Дар натиҷаи 12 офати табиӣ 51 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки нисбат ба соли 2022 43 нафар зиёд мебошад.
«Соли 2023 аз ҷониби Кумита 335 ҳодисаи фаромадани тарма, 79 сел, 47 заминларза, 26 резиши санг, 22 ярч, 17 ҳодисаи боло рафтани сатҳи об ва дигар ҳодисаҳои табиӣ сабт шудааст», — гуфт Рустам Назарзода.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






