НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати ғасби замин дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ коҳиш ёфтааст

Февраль 9, 2024 18:09

РӮДАКӢ, 09.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 292 ҳолати қонуншикании  замин дар майдони 140, 31 гектар муайян гардида, нисбат ба 213 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима шуданд. Хушбахтона, имрӯз ҳолатҳои ғасби худсаронаи замин дар ҳудуди ноҳия бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли ҷамоат нисбат ба  солҳои қаблӣ хеле коҳиш ёфта, дар ин самт корбарӣ идома дорад, —  гуфт раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки  дар ин давра корхонаҳои саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 613,0 миллион сомонӣ таъмин намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   100,2 фоизро  ташкил медиҳад.

Дар интиҳои нишаст байни намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат суолу ҷавоб доир гардид, ки фарогири самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии ноҳияи Рӯдакӣ буд.

Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2024 18:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад