НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 ба соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон 661 миллион доллар маблағи грантӣ ҷалб шуд

Февраль 14, 2024 08:44

ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ҳайси ҳамраиси қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ ва ташкилоти байналмилалии молиявӣ дар маҷмуъ 661 млн доллар маблағҳои грантӣ соли 2023 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷалб шуд, ки он ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона гардидааст. Дар ин хусус 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Завқӣ Завқизода, инчунин ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъсис шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12 фоиз, кишоварзӣ 9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,5 фоиз, боркашонӣ 16,6 фоиз, гардиши савдо 13,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 14,1 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,8 фоиз ба амал омад.

Завқӣ Завқизода таъкид намуд, ки сатҳи таваррум соли 2023  3,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 (4,2 фоиз) 0,4 банди фоизӣ кам аст. Таваррум дар ин давра аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 3,4 фоиз, молҳои ғайриозуқаворӣ 6,6 фоиз ва хизматрасонӣ 1,2 фоиз ташаккул ёфтааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2024 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад