НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 ба Тоҷикистон зиёда аз 1,4 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ба ҷумҳурӣ 1 миллиону 413 ҳазору 600 тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 892 миллион доллар бо нархи миёнаи 631 доллар ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164,2 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли гузашта 98 доллар ё ба андозаи 13,4 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ин 436,5 ҳазор тоннаро сӯзишвории дизелӣ, 348,1 ҳазор тоннаро бензин, 411 ҳазор тоннаро гази моеъ ва 218 ҳазор тоннаи дигарро маҳсулоти нафтӣ ташкил медиҳад. Дар ин хусус 7 феврал дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Дар ин давра 38 субъекти хоҷагидор 436,5 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 327,7 млн доллар бо нархи миёнаи 751 доллар ворид намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,4 ҳазор тонна зиёд ва нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли гузашта 125 доллар ё ба андозаи 14,3 фоиз коҳиш ёфтааст.
Воридкунандагони бензин дар ин давра ба ҷумҳурӣ 348,1 ҳазор тонна бензин ба маблағи 228,1 миллион доллар ва бо нархи миёнаи 655 доллар ворид намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,3 ҳазор тонна зиёд мебошад. Нархи миёнаи воридоти як тонна бензин моҳи декабри соли 2023 ба 655 доллар баробар гардид, ки нисбат ба моҳи январи ҳамин сол 131 доллар ё 20 фоиз афзоиш ёфтааст.
Сабабҳои асосии тағйир ёфтани нархи сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ- ин давоми соли 2023 ноустувор будани арзиши 1 тоннаи он дар давлатҳои содиркунанда ва ҷорӣ гардидани баъзе монеаҳо аз ҷониби ин мамлакатҳо арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин нархи 1 барел нафт низ соли 2023 аз 84 доллари моҳи январ ба 92 доллар дар моҳи сентябр баробар гардид.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2023 54 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродкунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозори ҳудуди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи талаботи моддаҳои 16 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қарор, амрнома ва фармоишҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба бартараф ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул шуданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






