НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 фаъолияти 41 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 77 нафар ва 1 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ гардид

Февраль 5, 2024 15:30

ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаву  282 килограмму 814 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки нисбат ба соли 2022 (4 т 991 кг 176 гр) 5,8 фоиз ë 291 кг 638 грамм зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. 

Самад Зафар афзуд, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусодираи маводи нашъовари героин 73,4 фоиз ё  178 кг зиёд (2022- 243кг 588 гр), гурӯҳи бангдона 16,8 фоиз ё ин ки 631 кг (2022- 3 тоннаву 752 кг 946 гр) ва маводи нашъовари ҳашиш 19,4 фоиз ё 696 кг (2022- 3 тоннаву 597 кг 288 гр) зиёд шудааст.

«Соли 2023 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар аз ҷониби Агентӣ 4,9 фоиз коҳиш ёфта, вале мусодираи моддаҳои психотропӣ, ки хатари бештар доранд, 3,8 маротиба, инчунин афюн 37,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин  соли гузашта  фаъолияти 41 (2022 — 37) гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 77 (2022-89) нафар, ҳамчунин 1 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ шуд»,-илова кард Директори Агентӣ.

Иброз гардид, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ ба ҳолати  1 январи соли 2024  4160 нашъаманд сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2022 (4381 нафар) 221 нафар ё 5 фоиз камтар аст. Аммо, мутаассифона, аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 107 (2022-(101) нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2022  6 нафар зиёд мебошад.

«Ҳамзамон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ аз ҷониби Агентӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии мамлакат вохӯрию суҳбат, машваратҳои омӯзишӣ, ҳамоиш, барномаҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор  гардиданд»,- гуфта шуд дар  нишасти матбуотӣ.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд