Операторони мобилӣ маблағро ба чӣ сарф менамоянд

Февраль 20, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи январ аксари  воситаҳои ахбори омма дар бораи он ки операторони алоқаи тоҷик соли 2023 нисбат ба соли қаблӣ 7,8% бештар даромад гирифтаанд, иттилоъ доданд. Ин дуруст аст, аммо биёед бифаҳмем, ки ин рақамҳо аз куҷо гирифта шудаанд. Боз фаҳмидани он ки ширкатҳои телекоммуникатсионӣ бо миллиардҳояшон чӣ кор менамоянд, хеле  ҷолиб аст. 

Миллиардҳои умумӣ

Хонандаи бодиққат дар ҳисоботи  солонаи соҳаи алоқа рақами 3,8 миллиардро пай бурд, вале ин даромади на як ширкат, балки даромади тамоми  ширкатҳое, ки  дар Тоҷикистон  бо иҷозатномаҳо барои пешниҳоди  хизматрасонӣ  дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолият доранд, маҳсуб мешавад. Дар ҷумҳурӣ шумораи онҳо 78-то аст.   Албатта, танҳо ба шумораи ширкатҳо тақсим намудани даромади умумӣ дуруст нест, зеро дар баробари операторони бузург  операторони хурдтар низ  мавҷуд ҳастанд. Лекин  маънояш возеҳ аст, ки    ҳатто бозингарони пешбари бозор ба қадри тамоми соҳа даромад надоранд.

Боз чӣ метавонад аз назари хонандаи камтаваҷҷуҳ дур монад,   даромади ширкат маблағе нест, ки онро дар сейф гузорем ва дигар  даст нарасем. Ин маблағе аст, ки барои рушди минбаъда зарурат дорад.  Агар онҳо сарф нашаванд, операторон  наметавонанд фаъолият намуда, муштариёнро бо алоқа таъмин намоянд. Биёед ин масъаларо бо мисоли мушаххаси ширкати «Мегафон Тоҷикистон» баррасӣ кунем.

Баҳри фаъолияти шабака

Инак, оператор давоми сол миқдори муайяне даромад гирифт. Сипас ин маблағҳо барои чӣ истифода мешаванд? Пеш аз ҳама, барои иҷрои вазифа дар назди давлат — супоридани  маблағи андозҳо. Дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» хароҷоти  андоз 37%-и  тамоми воридоти пулиро дар соли 2023 ташкил намудааст.

Баъдан: бояд шабака хизматрасонӣ шавад, то ки қобилияти кориашро нигоҳ дорад ва муштариён ҳамеша бо алоқаи боэътимод таъмин бошанд. Нигоҳдории инфрасохтори мавҷуда тахминан 9%  хароҷоти ширкатро ташкил дода, соли 2023 барои ин беш аз 155 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Арзиши неруи барқ ​​ҳудуди 24 миллион сомониро ташкил намуда, соли 2024 бо назардошти болоравии нархҳо  ин маблағ боз 16% афзоиш меёбад.

19 фоизи дигар ба рушди  техникӣ — насби   истгоҳҳои  нави базавӣ, кашидани хатҳои нурию нахии алоқа, навгардонии таҷҳизот равона мегардад. Бе ин амал комилан ғайриимкон аст, зеро  талаботи муштариён ба сифати хизматрасонӣ меафзояд, қобилияти гузариши шабака ва суръати интернети мобилиро зиёд намудан зарур аст. Илова бар ин, дар маҳалҳои аҳолинишини дурдаст бояд таҷҳизот ба кор андохта шаванд, то ки хизматрасонии муосири рақамӣ дастраси тамоми сокинони ҷумҳурӣ гардад.

20% воридоти маблағ барои хариди трафики интернет аз шарикон ва ҳисоббаробаркуниҳои дуҷониба бо операторони дигар, ба истилоҳ интерконнект истифода мешавад.

Албатта, ширкат  бояд ба кормандон  музди меҳнат диҳад, ки ин 6%  даромади солонаи пулиро ташкил медиҳад.

Чӣ  қадар  боқӣ мемонад?

Ширкат метавонад ба таври сода гӯем, танҳо 9%-и тамоми даромадро «барои худ» нигоҳ дорад. Ва ҳатто ин ҳам пурра нест.   Мутахассисони молия ин сутунро «хароҷоти дигар» меноманд ва он албатта  …   дуруст аст, ки  боз хароҷотро дар бар мегирад.  Онҳо дигар ба андозҳо, сохтмон ва хизматрасонии шабака, ҳисоббаробаркунӣ  бо дигар операторон ё маоши кормандон дахл надоранд, вале ҳамоно  барои ширкат ва ҷумҳурӣ зарур мебошанд.

Хулоса: агар як ширкати телекоммуникатсионӣ, шартан гӯем  100 сомонӣ кор  карда бошад, пас 37 дар шакли андоз, 28 барои инфрасохтор, 20 барои  ҳамкорон дар бозори соҳа сарф шуда, 6 сомониро ба кормандон медиҳад. Барои худи ӯ низ на бештар аз 9 сомонӣ мемонад.   Ҳамин тариқ, агар шумо дар ягон ҷо дар бораи даромади афсонавии операторони телекоммуникатсионӣ бишнавед, ҳадди ақалл навад фоизро дар фикри  худ тарҳ намоед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Февраль 20, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Афғонистон ба занон сурудхонӣ ва қироат бо садои баланд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуд
Дар ноҳияи Ванҷ бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск густариш меёбад
22-23 август дар баъзе минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Дар Ҷумҳурии Демократии Конго беш аз 200 нафар бар асари ғарқ шудани киштӣ бедарак шудаанд
Дар 30 дарёи Чин дар тамоми давраи мушоҳидаҳо обхезиҳои шадидтарин ба амал омаданд
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати экологӣ дар пойтахт озмуни шаҳрӣ эълон намуд
Давлатҳои Аврупо эмкунии аҳолиро бар зидди обилаи маймун рад менамоянд
ТАВАҶҶУҲ! 22-23 август дар Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад