Раиси вилояти Хатлон бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «УЭТМ»-и Федератсияи Русия шинос шуд

Февраль 16, 2024 16:59

ДУШАНБЕ, 16.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафар ба Федератсияи Русия бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «УЭТМ» шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Бренди «УЭТМ» яке аз брендҳои маъруфи ҷаҳон буда, дар он таҷҳизоти барқӣ барои тавлид, интиқол, тақсими энергия истеҳсол мешавад, ки дар ҳама гуна шароити иқлими кураи Замин боэътимод кор бурда мешавад.

Таҷҳизоти ҶСК «УЭТМ» дар Русия, Қазоқистон, Беларус, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Миср, Австрия, Аргентина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Бангладеш, Сурия, Туркия, Эрон, Муғулистон ва дигар давлатҳо дастрас ва харидорӣ мешавад.

Раиси вилояти Хатлон  бо гурӯҳи корӣ бо роҳбари корхонаи “Уралэлектротяжмаш” дар шаҳри Екатеринбург вохӯрӣ намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ  бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Трансформатор”-и шаҳри Бохтар даъват намуд.

Тибқи иттилоъ, ҶСК “Трансформатор”-и шаҳри Бохтар дар як сол  ба  маблағи то 35 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Дар он ҳамасола қариб 300 трансформатори гуногунтамға истеҳсол мешавад.

Мутахассисони ҶСК “Трансформатор”-и шаҳри Бохтар дар кори  таъмиру навсозии трансформаторҳои таъмирталаб таҷрибаи бойи корӣ доранд. Он трансформаторҳое, ки аз ҷониби шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо ба ин коргоҳ ворид мегарданд, сари вақт аз таъмир бароварда мешаванд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Февраль 16, 2024 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем