Саҳми занон-олимони тоҷик дар рушди радиологияи тиббӣ назаррас аст

Февраль 13, 2024 15:46

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи байналмилалии  занон ва духтароне, ки дар соҳаи илм ва  технология фаъолият менамоянд, рӯзи махсус ҳисоб шуда, ҳамасола 11 феврал гузаронида мешавад. Дар ин рӯз сухан дар бораи дастовардҳо ва саҳми занону духтарон дар арсаи илму технология ва пешрафти илм меравад. Дар ин рӯз ҳамчунин маълумот дода мешавад, ки барои касбу ҳунар гирифтани занону духтарон ва саҳми онҳо дар илм чӣ монеаҳо вуҷуд доранд, занону духтаронро аз гирифтани касб дар соҳаҳои илму технология, муҳандисию математика чӣ боз медорад, барои баробарии фаъолияти онҳо бо мардон дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва пешрафти фаъолияти навоваронаашон чиҳо мусоидат менамоянд.

Бо вуҷуди он ки илму техника дар рушди ҷомеа, пешрафти ҳар давлат ва беҳбуди ҳаёти инсон мавқеи муҳим дорад, саҳми занону духтарон дар ин соҳаҳо хеле кам муаррифӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бо шаклҳои гуногуни табъиз ва ғараз рўбарў шудаанд. Ин, албатта, сабаби тафовути ҷиддии баробарии занону духтарон дар соҳаҳои техникаю технология ва хусусан дар мансабҳои роҳбарикунанда камтар намояндагӣ намудани занону духтарон гаштааст.

Аз ин лиҳоз, ташвиқу тарғиби занону духтарон барои интихоби касбҳои техникию технологӣ, тавонмандсозии онҳо дар ҷараёни таълим ва ҷалби занону духтарон барои иштирок дар барномаҳои гуногуни техникӣ аз масъалаҳои муҳими ҷомеа маҳсуб шуда, дар ин самт кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад.

Ба аҳамияти баргузории Рўзи байналмилалии занон ва духтарони дар соҳаҳои илм ва технология фаъолияткунанда баҳо надодан номумкин аст. Фаъолияти илмии занон ва духтаронро эътироф намуда, дастовардҳои онҳоро қадрдонӣ намуда, ба ин васила ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ мегардад, ки саҳми онҳо дар пешрафти илму техника муҳим аст ва онҳо қодир ҳастанд, ки ба ҷомеа таъсири муассир гузошта, ҳар мушкилоти бамиёномадаро эҷодкорона ва самаранок ҳал намоянд. Занону духтарон метавонанд бо назари беназир навгониҳои ҷолиби илмиву технологӣ пешниҳод намоянд.

Баробарии занону духтаронро дар соҳаи илму технология пеш бурда, дастаи пурқуввати гуногункасб ва инноватсионии мутахассисони соҳаи техникаю технологияро таъсис додан мумкин аст, ки ин ба ояндаи нек меоварад, ҳарчанд ки дар ҷомеаи мо андешаи “илм – соҳаи фаъолияти мардона” мавҷуд аст ва он, албатта, решаҳои амиқи таърихӣ дорад, зеро дар гузашта занон ҳатто аз табақаҳои болоии ҷамъият аз имконияти гирифтани маълумоти асосӣ маҳрум буданд ва бе ин бо илм машғул шудан имконнопазир аст. Ҳарчанд ки мушкилоти ин масъала дар асри ХХ ҳалли худро ёфт ва занону духтарон ба илму олимӣ роҳ ёфтанд, шубҳа ва нобоварии ба кори илму олимӣ тавонманд будани занону духтарон то миёнаи асри ХХ боқӣ монд. Ин ҳолат, яъне хоҳиши нигоҳ доштани “илм ҳамчун соҳаи фаъолияти мардона” ҳатто дар сатҳи роҳбарияти муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ боқӣ мондааст. Агар таносуби шумораи мардоне, ки дар ин самт фаъолияти роҳбарӣ анҷом медиҳанд, ё академику аъзо-корреспондентони илмҳо муқоиса шавад, ҳамаи ҷойҳои калидӣ дар муассисаҳои илмӣ аз тарафи мардон ишғол гардида, он аз шумораи занҳо даҳҳо маротиба зиёд мебошад ва ин ҳолат дар аксари давлатҳои дунё ба мушоҳида мерасад. Ин масъала ҳарчи бештар баррасӣ шавад, таносуб ҳамон қадар зиёдтар ба манфиати мардон ҳал мешавад. Шояд чунин хулосабарорӣ шавад, ки мардон дар илм бештар муваффақ ҳастанду занон нисбатан камтар. Албатта, хулосаи шитобкорона кардан мумкин нест. Зеро он сабабҳои маъмулӣ дораду ба онҳо вобаста аст.  Дар ҷомеаи мо то ҳол ғамхорӣ дар ҳаққи фарзандон, оила ва хона ҳамчун масъулияти бештари занон маҳсуб меёбад. Зарурати пайваст намудани шуғли касбӣ ва ғамхории оилавӣ ба он оварда мерасонад, ки занон барои машғул шудан бо фаъолияти илмӣ захираи камтари вақт ва қувва доранд. Ба ин раванд танҳо бо роҳи озод намудани занон аз ҳама мушкилоти оилавӣ таъсир расонидан мумкин аст, то ин ки вай бо тамоми қувва ва фидокорӣ фаъолияти илмӣ анҷом диҳад.

Андешаи дигар, ки мардон бештар ба илмҳои дақиқ моиланду занон ба илмҳои гуманитарӣ майл доранд, қолаби дигари нобаробариро ифода менамояд, ки дар ҷомеа хеле устувор гаштааст ва ба майлу рағбати кўдакон муҳити ҷомеа таъсир расонида, тамоми роҳи рушди шахсиятро муайян менамояд. Аввалан, дар муҳити оила ба духтарон лўхтаку ба писарон мошину конструктор туҳфа менамоянд. Сипас, мактаб – омўзгорон муътақиданд, ки писарони болаёқат нисбат ба духтарони болаёқат афзалият доранд, писарон фанни математикаро аз духтарон бештару хубтар медонанд ва ин андешаро бо ҳар роҳ ба мафкураи онҳо ҷой медиҳанд. Ин ҳолат дар мамлакатҳое, ки сатҳи озодии занон сусттар аст, бештар мушоҳида мешавад, ҳол он ки агар дастрасӣ ба таҳсил дар як сатҳ бошад, кўдакон ё баробар меомўзанд ё духтарон муваффақияти бештарро ноил мегарданд. Ин аз он бармеояд, ки бо тарбияи дуруст, муҳити зист ва меҳнатдўстӣ ҳар кас метавонад ҳам ба фанҳои техникӣ ва ҳам ба илмҳои гуманитарӣ майл зоҳир намояд.

Зан дар оилаи тоҷик ҳамеша нақши асосӣ ва муҳим мебозад. Покдоманӣ, хоксорӣ ва донишмандӣ хоси зани тоҷик аст. Аз ин рў, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба тарбияи занону духтарон, хусусан соҳибмаърифатии онҳо таваҷҷуҳи хосса дода мешавад, саъйу кўшиш  мешавад, ки занону духтарон пешсафони ҷомеа гарданд, пешраву маърифатпарвар бошанд, зеро онҳо метавонанд сатҳи маънавии оила ва ҷомеаро боло баранд. Аз маъхазҳои таърихӣ аён аст, ки занони тоҷик дар баробари тарбияи фарзандон, дар лаҳзаҳои душвор паҳлуи мардон истода, мардонагиву қаҳрамонӣ, шуҷоату далерӣ нишон додаанд. Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар, олиму таҳқиқгар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ иштирок дорад ва дар сохтани ин ҷомеа саҳм мегузорад.

Маҳз ҳамин таҷриба нишон медиҳад, ки ҳангоми бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол ба тарбияи занону духтарон, донишманду фаъол гаштани онҳо аҳаммияти калон дода мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўриҳо, суханрониҳо ва паёмҳояшон масъалаи беҳтар намудани мавқеи занону духтаронро дар ҷомеа ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил дода, бо василаҳои ҳавасмандгардонии занону духтарон онҳоро водор менамоянд, ки дар рушди илми муосири тоҷик саҳми арзанда гузоранд.

Мояи ифтихор ва фараҳмандӣ аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати занону духтарон, маърифатнокӣ, истеъдод, садоқату шуҷоат ва фаъолияти илмию амалии онҳо муносибати некбинона дошта, қобилияти онҳоро дарк менамоянд ва баҳои баланд медиҳанд. Ин аст, ки иштироки фаъолонаи занону духтарон дар тамоми соҳаҳои ҷомеа мушоҳида мешавад.

Таҳлили мақолаву суханронӣ ва баромадҳои занону духтарон аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи донишу маърифатнокии онҳо баланд рафта, таҳқиқоти илмиашонро бо истифода аз усул, техникаю технологияи муосир пеш бурда, тамоми неруашонро ба баланд бардоштани илми тоҷик равона месозанд ва дар пешрафти ҷомеа нақши муассир доранд.

Ҳарчанд занон дар тамоми таърихи инсоният, новобаста аз саҳми камашон нисбат ба мардон бо фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ машғул шуда бошанд ҳам, вале бо сабабҳои гуногун номи на ҳамаи онҳо дар таърих мондааст, чунки комёбиҳои онҳо нодида гирифта ва номашон фаромўш мешуд. Дар мавридҳои дигар пайгирии номи занони олиму таҳқиқгар бинобар тағйири насаб баъди издивоҷ ё истифодаи тахаллус ё бо номи мард имзо намудани онҳо душвор буд ва дар натиҷа номи онҳо фаромўш шуда, комёбиҳояшон нодида гирифта мешуд. Асри ХХ ба таърихи башарият ҳамчун асри пешрафти илму фарҳанг ва техникаю технология ворид шудааст. Халқи тоҷик ҳам дар ин аср дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ илмию фарҳангӣ ва сиёсӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Халқи тоҷик маҳз дар ҳамин давра давлатдориашро барқарор намуда, ба истиқлолияти сиёсӣ ноид гардид.

Гузашта аз ин занони тоҷик ҳамеша ҳамқадами ҳаёт буда, дар инкишофи тамаддун ва фарҳанги миллӣ нақши равшану барҷаста бозидаанд. Яке аз дастовардҳои барҷастаи Тоҷикистон- ин озодии воқеии занони тоҷик буд.

Бо мақсади ҳарчи бештар ба илм ҷалб намудани занону духтарон дар муассисаҳои илмиву таълимӣ симпозиуму конференсия, семинару мизҳои мудаввари илмиву назариявӣ дар мавзуъҳои “Саҳми занон дар рушди илм” баргузор мегарданд, ки ин саҳми занонро дар рушди илм тақвият мебахшад. Албатта, ҳамкорӣ барои талошҳои илмӣ муҳим аст, зеро ба даст овардани натиҷаҳо ва гуногунии дурнамову таҷрибаҳо аз дастовардҳои илмӣ вобаста аст. То ба ҳол мавҷудияти нобаробарии занону духтарон дар пешбурди фаъолияти илмиро инкор намудан мумкин нест. Норасоии олимону пажўҳишгарон аз ҳисоби занону духтарон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон ба мушоҳида мерасад. Онҳо дар бисёр соҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ кам намояндагӣ менамоянд, ки самтҳои тиб, аз ҷумла саратоншиносиву радиологияи тиббӣ ва химия истисно намебошанд.

Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) яке аз созмонҳои бонуфузи пешбарандаи муносибатҳои байниҳукуматии мамлакатҳои ҷаҳон дар ҳамкории илмию техникии соҳаи энергияи атомӣ  мебошад. Фаъолияти ин созмони бонуфуз, ки идораи он баъди ба узвияти МАГАТЭ моҳи ноябри соли 2001 пазируфта шудани Тоҷикистон ва зарурати таъсиси сохтори миллӣ оид ба илм ва танзим дар соҳаи амнияти радиатсионӣ ба вуҷуд омада, бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аввал Агентӣ оид ба энергияи атомӣ таъсис ёфта, сипас бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ номгузорӣ мешавад, дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд. Он ба истифодаи бехатари илм ва технологияи атомӣ бо мақсади осоишта, нигоҳдории сулҳу амнияти байналмилалӣ, солимии ҷомеа ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор нигаронида шудааст.

Агентии бонуфузи байналмилалӣ ба принсипи баробарии инсонҳо такя намуда, имконият медиҳад, ки ҳамаи одамон, новобаста аз ҷинсият дар пешрафти ҷомеа, татбиқи барномаву чорабиниҳо саҳм гузошта, аз натиҷаҳои он баробар истифода намоянд ва баҳра бардоранд. Бо ин мақсад Агентӣ кўшиш менамояд, ки тавозуни баробариро дар байни кормандон таъмин намояд ва дар барномаву фаъолият мушкилоти гендериро ба ҳисоб гирад.

Дар Стратегияи ҳадафҳои рушди устувор ба баробарии занону мардон ва васеъ намудани ҳуқуқу имконияти занон диққати махсус дода шудааст, ки он барои татбиқи пурраи ҳуқуқ ва имконияти ҳар шахс аҳамияти ҷиддӣ дорад. Роҳбарияти Агентӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фаъолиятро бо назардошти ин принсипи  бунёдӣ бо мақсади расидан ба муваффақият ва дастгирии баробарии инсонҳо ва хусусияти дигари инсонӣ (нажод, дин, ҷинс, қобилияти ҷисмонӣ ва ҳама гуна табиат) муваффақона пеш барад. Агентӣ тавассути ҳама гуна барномаҳо, даврҳои омўзишӣ, таҳқиқоти илмӣ кўшиш менамояд, ки дастрасии ҳам занон ва ҳам мардонро ба таҳсил, омўзиш, таҳқиқ ва кор баробар афзоиш диҳад.

Рўзи байналмилалии занон ва духтарон имконияти хубу шоиста барои дастгирии занону духтарони дар соҳаи энергияи атомӣ фаъолияткунанда ва ташаббусҳои гузаштаву ҳозира ва ояндаи онҳо мебошад.

Агентӣ аз замони таъсис, ки ба соли 1957 рост меояд, барои кумак ба занону духтароне, ки дар самти илм фаъолият менамоянд, ҳавасманд намудани пешравӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда раҳнамоӣ намудани онҳо кўшиш ба харҷ додааст.

Илова бар ин, дар доираи барномаву лоиҳаҳои ҳамкории техникӣ Агентӣ заминаи моддию техникии муассисаҳои илмию таҳқиқотии мамлакатҳои гуногунро муҷаҳҳаз намуда, ба пурқувват гардонидани неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандон ва иқтидори муассисаҳои миллии энергияи атомӣ мусоидат менамояд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентӣ дар шуъбаи муолиҷаи шуоии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти муосир барои муолиҷаи шуоии беморони гирифтори саратон насб гардид. Дар шуъбаи муолиҷаи шуоӣ ҳамаи 5 табиб занону духтарон буда, 2 нафари онҳо дорои дараҷаи илмӣ мебошанд. Аввалин олиме, ки дар ҷумҳурӣ дар самти радиологияи тиббӣ аз ҳисоби кормандони ин шуъба таҳқиқоти илмӣ бурда, рисолаи илмӣ дифоъ намудааст, зан мебошад.

Ҳамчунин аз соли 1963 дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” аввал даврҳои онкологӣ кушода шуда, аз соли 1973 кафедраи онкология фаъолият менамояд, ки шумораи зиёди кормандони онро занону духтарон – олимони соҳа ташкил медиҳанд. Аз 33 корманди кафедра 6 нафараш доктори илмҳои тиббӣ мебошанд, ки 3 нафар зан аст. Аз 8 номзади илм 4 нафарашро занҳо ташкил медиҳанд.

Дар шаҳри Хуҷанд низ Маркази саратоншиносӣ фаъолият менамояд, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Агентӣ шуъбаи муолиҷаи шуоӣ таъсис дода шуда, бо дастгоҳҳои муосири табобати шуоӣ таҷҳизонида шуд. Кормандону табибони шуъбаи навтаъсис, ки қисмати асосии онҳоро ҷавонон, бахусус занону духтарон ташкил медиҳанд, аз даврҳои такмили ихтисос гузашта, муваффақона бо муолиҷа ва фаъолияти илмӣ машғул ҳастанд.

Олимон – занону духтарони ҳам Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” ва ҳам кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” аз ташаббусу дастгириҳои Агентӣ ва намояндагии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор гардида, дар даврҳои омўзиши тахассусӣ, такмили ихтисос, симпозиуму конференсия ва чорабиниҳои дигари ҳам дар мамлакат ва ҳам берун аз он  ташкилнамуда фаъолона иштирок намуда, аз натиҷаи онҳо баҳраманд гаштаанд.

Донишҳои қавие, ки занону духтарон дар даврҳои такмили ихтисос ва бозомўзии Агентӣ дар соҳаи энергияи атомӣ аз бар намуданд, имконияти зиёди касбиро барои онҳо кушод, малакаи баланди касбӣ ва истифодаи тиббии энергияи атомиро аз худ намуданд, ки ин имконият медиҳад дар беҳтар намудани сиҳатии омма ба натиҷаҳои воқеӣ ноил шуда, дар беҳтар гаштани вазъи ҷомеа саҳм гузоранд. Ба ин васила фарқияти гендерӣ дар илм ва технологияи ҳастаӣ на танҳо бартараф гардид, балки бартарият низ пайдо намуд.

Хулоса, бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки олим, зан-модари тоҷик бо хирад, илм, эҷодкорӣ, меҳру самимият, худдорӣ, сабру таҳаммул ва ахлоқи ҳамида на танҳо дар рушди илму техника ва технология саҳм гузошта метавонад, балки ҷомеаро ба бунёди тамаддуни башарият ҳидоят менамояд.

Мунфиза САЙФУТДИНОВА,
 номзади илмҳои тиббӣ, дотсенти кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоии
Донишгоҳи давлатии
тиббии Тоҷикистон  ба номи Абуали ибни Сино

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 13, 2024 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд