Саридораи геологияи Тоҷикистон бо 120 ширкат шартномаи истифодаи захираҳои табииро ба имзо расонид

Февраль 3, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси ҳисоботи аз экспертизаи давлатӣ гузашта дар Тоҷикистон захираҳои  канданиҳои фоиданок, аз қабили тилло, нуқра, волфрам, сурма, нафт, гаҷсанг, мармар, оҳаксанг, хок, рег ва омехтаи регу шағал тасдиқ гардида, ба тарози давлатӣ гузошта шуданд. Дар ин давра Саридораи геология бо 120 ширкат шартномаи истифода бурдани захираҳои табиӣ ба имзо расонид. Дар ин хусус 30 январ зимни нишасти матбуотии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Гуфта шуд, ки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2023 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» амалӣ намуд.

Мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2023 корҳои омӯзиши геологиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 29 лоиҳа ба маблағи беш аз 17  миллион сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ,  гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология гузарониданд, ки  нисбат ба соли 2022 беш аз 1 миллион сомонӣ зиёд буда,  суръати афзоиш 107 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра тибқи дархост ва нақша дар 571 деҳаи ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд таҳқиқоти муҳандисиву геологӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа ба 343 хоҷагӣ барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчидан пешниҳод манзур гардид.

Дар Шурои илмӣ-техникии Саридора 112 мавод, аз ҷумла 47 лоиҳа ва 65 ҳисобот баррасӣ гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид