Соли 2023 аз ҷониби иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба шахсони ниёзманд 7 млн. 500 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ ба ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба маблағи беш аз 7 млн. 500 ҳазор сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст. Ходимони дини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади саҳм гузоштан дар раванди корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба пешвози 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди мамлакат 39413 адад гулҳои ороишӣ, 9555 бех дарахтони мева ва 31306 бех дарахтони сояафкан, дар маҷмуъ 80274 бех дарахт ва гулу гулбутаҳо шинониданд. Дар ин хусус дар нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 аз ҷониби судҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 826 парванда баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 56 ҳолат зиёд мебошад.
Аз 826 парванда 8-тои он қатъ гардида, вобаста ба 818 ҳолати боқимона қарори дахлдор бароварда шудааст. Маблағи умумии ҷаримаҳо 4 миллиону 689 ҳазору 502 сомониро ташкил медиҳад.
Соли 2023 хатнасури хайриявии 1233 тифл ва тӯйи домодию арӯсии 175 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд ба тариқи дастаҷамъона гузаронида шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






