СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Вобаста ба он дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсия доир шуд

Февраль 12, 2024 15:53

ДУШАНБЕ, 12.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили пешрафти ҷомеа» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Дар конференсия муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Муҳаммад Абдураҳмон дар мавзуи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ- инъикосгари маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ», муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар Ҳукмиддин Сафарбекзода дар мавзуи «Нақши сиёсати ҳуқуқэҷодкунии давлат ҳамчун омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» маъруза намуданд.

Ҳамчунин дар мавзуъҳои «Маърифати ҳуқуқӣ- омили пешрафти ҷомеа», «Маърифати ҳуқуқӣ- калиди муваффақияти шаҳрвандон» ва «Маърифати ҳуқуқӣ-заминаи донишҳои ҳуқуқӣ сухан гуфта шуд.

Таъкид шуд, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 бояд марҳилаи нави рушди ҷомеа дониста шавад. Яъне, баъд аз гузаштани марҳалаҳои душвору мураккаби солҳои нахустини истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо қатъият раҳо ёфтан аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муваффақона бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, босуръат гузаштан ба марҳалаи ободкорӣ ва созандагӣ, мавқеи устувор гирифтан дар доираҳои бонуфузи байналмилалӣ ва харитаи сиёсии ҷаҳонӣ, қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талабот акнун фурсати он расидааст, ки қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 декабри соли 2023 пешниҳод намуданд, ки бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.

Сарвари давлат қабл аз он ки соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ пешниҳод намоянд, оид ба авзои ҷаҳон, амнияти давлат ва суботи ҷомеа иброз доштанд, ки «вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии давлатамон тадбирҳои иловагӣ андешем».

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Февраль 12, 2024 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид