Созмони Милали Муттаҳид нақшаи башардӯстонаро ба маблағи 1,6 млрд доллар барои дастгирии Сомалӣ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Милали Муттаҳид Нақшаи вокуниши башардӯстонаро барои соли 2024 бо ҷудо намудани 1,6 миллиард доллар барои кумак ба 5,2 миллион сомалиёни ниёзманд оғоз намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи сешанбе намояндаи расмии дабири кулли созмон Стефан Дюжаррик дар брифинг хабар додааст.
Ба гуфти ӯ, Созмони Милали Муттаҳид нақшаро дар якҷоягӣ бо шарикон, инчунин ҳукуматҳои федералӣ ва маҳаллии Сомалӣ таҳия намудааст.
«Соли гузашта Сомалӣ бо нооромиҳои сершумор, аз ҷумла хушксолии харобиовар, боронҳои бесобиқа ва обхезӣ, инчунин ҷараёни нави муҳоҷирон рӯ ба рӯ гардид. Миллионҳо одамон дар Сомалӣ ҳамчунин аз гуруснагӣ ва камғизоӣ азият мекашанд», — иброз намуд Дюжаррик.
Номбурда ишора намуд, ки Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона ҳушдори қатъӣ додааст, ки беш аз 4 миллион нафар, ки қариб чоряки аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, дар айни замон бо норасоии ҷиддии озуқаворӣ дучор гардидаанд.
Мувофиқи гуфтаҳои Стефан Дюжаррик, илова бар вазъияти ногувори башардӯстона ҳоло Сомалӣ бо хуруҷи бемории вабо, ки дар бисёре аз минтақаҳои мамлакат босуръат паҳн мешавад, рӯ ба рӯ гардидааст.
АКС: «Синхуа»








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






