«Таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон-омили таъмини амнияти миллӣ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии таъсиси Артиши миллӣ таҳти унвони «Таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон-омили таъмини амнияти миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази стратегӣ хабар доданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлоли давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар наздашон гузоштаро вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи мамлакат сарбаландона иҷро менамоянд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат беш аз 2600 иншооту бинои нав сохта шуда, ба истифода супорида шуд, ки дар самти таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат тадбири муҳим ва саривақтӣ ба шумор меравад.
Сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Ораз Муртазозода изҳор намуд, ки таҷлили чунин санаҳои таърихие, ки дар онҳо рукнҳои давлатӣ ташкил ва ба фаъолият оғоз намудаанд, агар аз як тараф эҳтиром гузоштан ба сохти давлатдорӣ бошад, аз ҷониби дигар- ин арҷгузорӣ ба заҳмати шахсоне аст, ки дар барқарор намудани сохтори конститутсионии мамлакат хизматҳои шоиста анҷом додаанд.
Изҳор гардид, ки мусаллаҳшавии бошитоби мамлакатҳо дар замони муосир масъалаи мураккаб ва муҳими ҷаҳонӣ буда, ба муносибатҳои байналхалқӣ, амният, сиёсат ва иқтисоди ҷаҳон таъсири амиқ мерасонад. Дар ин замина нақши Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ аҳамияти бештар касб намудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






