Тоҷикистон ҳамкориро бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (IUCN) тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Конфронси 14-уми тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда дар шаҳри Тошканд мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори генералии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (IUCN) хонум Гретел Агилар баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифз ва нигоҳдории набототу ҳайвоноти нодир, нигоҳдорӣ ва назорати мамнуъгоҳҳо, дастрасӣ ба захираҳои илмӣ ва ҷалби мутахассисони ин Иттиҳод ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, соли 1948 таъсис ёфтааст. Он мушкилоти ҳифзи гуногунии биологии сайёраро инъикос менамояд, маълумот дар бораи вазъи табиати давлатҳои гуногун, рӯйхати намудҳои олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро барои ҳифз пешниҳод менамояд.
Инчунин он дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми нозирӣ дошта, дар татбиқи якчанд конвенсияи байналмилалӣ оид ба муҳофизати табиат ва гуногунии биологӣ мавқеи хосса дорад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






