«ВАТАНПАРВАР». Дар Хатлон озмуни ҳарбӣ-ватандӯстӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хатлон даври вилоятии озмуни ҳарбӣ — ватандӯстии «Ватанпарвар» ҷамъбаст гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки яке аз ҳадафҳои асосии озмуни ҳарбӣ — ватандӯстии «Ватанпарвар» мусоидат ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии насли наврас ва омода намудани ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ мебошад.
Дар маросими ҷамъбасти даври вилоятии озмуни ҳарбӣ — ватандӯстии «Ватанпарвар» роҳбарияти вилояти Хатлон ва намояндагони дигар сохторҳои марбута, инчунин хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти даври вилоятии озмуни ҳарбӣ-ватандӯстии «Ватанпарвар дастаҳои ғолиб муайян ва бо Ифтихорнома ва мукофот қадрдонӣ шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






