35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Исфара беш аз 500 иншоот бунёду навсозӣ мешавад

Март 12, 2024 08:36

ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара беш аз 500 иншоот бунёду навсозӣ мешавад, ки то имрӯз қариб 50 дарсади ин иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, сокинон барои таҷлили ҷашни миллӣ босамар меҳнат менамоянд. Яке аз чунин иншооти ҷашнӣ бинои маъмурӣ, анбор ва нуқтаи шустушӯи нақлиёти ҶДММ «Контакт Интернешнл» аст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи ин ҷамъият дар шаҳри Исфара якчанд иншооти ҷашнӣ бунёд мешавад. Дар ин раванд дар майдони қариб 2 гектар сохтмони истгоҳи нақлиёти ширкати «Ориён» идома дорад.

Мувофиқи нақша дар ин майдон мошинсарой бо ғунҷоиши қариб 100 нақлиёт, нуқтаи таъмир ва шустушӯи автомобилҳо, коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, хобгоҳ, бинои маъмурӣ бо 15 утоқи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шуда, саҳни он сабзу хуррам гардонида мешавад.

Ҳоло дар иншоот беш аз 50 бинокор ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, гузоштани таҳкурсии бино ва бетонрезӣ босуръат идома дорад. Корҳои сохтмонӣ дар назар аст, ки соли равон ба охир расанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот 120 сокини маҳаллӣ ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 12, 2024 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид