Абдусалом Белло: «Бонки ҷаҳонӣ рӯзномаи рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»

Март 7, 2024 13:53

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд.

Пас аз мулоқот директори иҷроияи Гурӯҳи Африқоии II дар Шурои директорони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Абдусалом Белло дар нишасти хабарӣ бо ҳузури хабарнигорони дохиливу хориҷӣ оид ба натиҷаи суҳбат сухан гуфт.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми 30 соли охир Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ҳамкории устувор дошта, барномаи рушди мамлакатро дастгирӣ намудааст.

«Бонк барои дастгирии рӯзномаи рушди Тоҷикистон қарзҳо, грантҳо ва маблағгузории фондҳои трастӣ пешниҳод намудааст, — иброз дошт Абдусалом Белло. —  Имрӯз маблағи умумии лоиҳаҳоии амалишуда дар Тоҷикистон 2,8 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад».

Таъкид гардид, ки ҳамкории  Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон соҳаҳои муҳим, аз қабили рушди сармояи инсонӣ, устуворӣ ва тағйирёбии иқлим, ҳамбастагии иҷтимоӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, расонидани хадамоти давлатӣ ва рушди бахши хусусиро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, зимни мулоқот ҷонибҳо аҳамияти сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ ва нигоҳ доштани суръат дар ислоҳотро, ки фазои соҳибкорӣ ва самаранокии ниҳодҳои давлатиро ҳамчун муҳаррики рушди устувор ва иқтисодӣ беҳтар менамояд, таъкид намуданд.

Дар охир Абдусалом Белло  аз номи ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозӣ ва мулоқот   миннатдории самимӣ баён намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

Март 7, 2024 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид