Абдусалом Белло: «Бонки ҷаҳонӣ рӯзномаи рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»
ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд.
Пас аз мулоқот директори иҷроияи Гурӯҳи Африқоии II дар Шурои директорони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Абдусалом Белло дар нишасти хабарӣ бо ҳузури хабарнигорони дохиливу хориҷӣ оид ба натиҷаи суҳбат сухан гуфт.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми 30 соли охир Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ҳамкории устувор дошта, барномаи рушди мамлакатро дастгирӣ намудааст.
«Бонк барои дастгирии рӯзномаи рушди Тоҷикистон қарзҳо, грантҳо ва маблағгузории фондҳои трастӣ пешниҳод намудааст, — иброз дошт Абдусалом Белло. — Имрӯз маблағи умумии лоиҳаҳоии амалишуда дар Тоҷикистон 2,8 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад».
Таъкид гардид, ки ҳамкории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон соҳаҳои муҳим, аз қабили рушди сармояи инсонӣ, устуворӣ ва тағйирёбии иқлим, ҳамбастагии иҷтимоӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, расонидани хадамоти давлатӣ ва рушди бахши хусусиро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи ӯ, зимни мулоқот ҷонибҳо аҳамияти сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ ва нигоҳ доштани суръат дар ислоҳотро, ки фазои соҳибкорӣ ва самаранокии ниҳодҳои давлатиро ҳамчун муҳаррики рушди устувор ва иқтисодӣ беҳтар менамояд, таъкид намуданд.
Дар охир Абдусалом Белло аз номи ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозӣ ва мулоқот миннатдории самимӣ баён намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2128 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд






