Ҳайати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо мақсади табодули таҷриба ба Қазоқистон сафар намуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеъ бо раҳбарии муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо мақсади табодули таҷриба ва шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни сафар мулоқоти гурӯҳи корӣ бо муовини якуми Вазири маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуда, дар он масъалаҳои низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ, ислоҳоти соҳаи маориф, табодули таҷриба ва вазъи таълиму тарбия баррасӣ гардид.
Ҳамзамон гурӯҳи корӣ бо фаъолияти Академияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Ибрай Алтинсарин шинос шуд. Дар Академия аз ҷониби масъулин оид ба таҳияи стандарту барномаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ, фанҳои дақиқ ва таҳсилоти фарогир маълумот дода шуда, доир ба такмили таҳсилоти умумӣ, самтҳои асосии фаъолияти Маркази ташхиси адабиёти таълимӣ, бознигарии мазмуни таҳсил ва арзёбии дониши хонандагон суҳбату машварат доир гардид.
Дар охир Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳӣ корӣ бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳузур дошта, зимни он бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Қазоқистон шинос мешавад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






