Ҳамдилӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқона – сипари боэътимод ба муқобили ҷаҳолат, хурофот ва хатару таҳдидҳои замон

Март 14, 2024 14:37

ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати мо давлати дунявӣ буда, бо  инобати меъёрҳои моддаҳои дигари Конститутсия маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон ақидаи сиёсӣ, динӣ ва мазҳабии ҳеҷ гурӯҳ ва ҷамъияте хусусияти давлатӣ  надорад ва яъне  дин ва эътиқоди динии мардум аз давлат ҷудо аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талош менамояд, ки барои таъмини адолати иҷтимоӣ, баробарии диниву мазҳабӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷоми расму оинҳои динӣ, ибодат ва амсоли онҳо чораҳои заруриро амалӣ намояд. То ин муддат дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зиёд андешида шудаанд, ки ба иҷрои вазифаҳои гуфташуда замина гардидаанд.

Мулоқоти охирини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти имсол дар “Кохи Ваҳдат”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар саросари ҷумҳурӣ аз ҷониби қишрҳои гуногуни аҳолӣ, хусусан аҳли зиё ва дин  бо таваҷҷуҳу самимият ва бовариву садоқат пазироӣ гардид. Дар ҳақиқат ин вохӯрӣ аз мулоқоти Роҳбари давлат бо аҳолӣ дида, бештар ба суҳбати самимии бародарон, падару фарзандон ва наздиктарин шахсон шабоҳат дошт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо муроҷиат ба аҳли мамлакат падарона ҳамаро насиҳат намудаву ба ҳар яки мо фарқ намудани сиёҳу сафед ва хубу бадро фаҳмонданд. Самимият нисбат ба ҳамаи қишрҳои аҳолии мамлакат, муҳаббат ба хурду бузурги он, боварӣ ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз, садоқат ба мардуми шарифи мамлакат ва вафодорӣ ба гузаштаву ояндаи он дар ҳар каломи Пешвои муаззами миллат баръало таъкид гардида, бори дигар намунаи олитарини ватандӯстиву ватандорӣ ва инсонпарвариро  нишон собит намуданд.

Дар мулоқоти Сарвари давлат ҳамаи паҳлуҳои маънавиву фарҳангӣ, диниву ахлоқӣ ва мадании мамлакат баррасӣ гардида, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо ба таври кушод баён гардид.

Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз арзиши олии давлатӣ ва миллӣ будани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, таъкид доштанд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ ба мо, тоҷикон шароит фароҳам овард, то ба асли худ баргардем. Маҳз ба шарофати мустақилии сиёсӣ, новобастагӣ аз мамлакатҳои хориҷӣ ва ташаккули додани низоми куллан миллии давлатдорӣ имрӯз Тоҷикистон ба мамлакате табдил ёфтааст, ки дар он арзишҳои динӣ бо эътиром аз ҷониби ҳамаи қишрҳои аҳолӣ пазируфта шуда, барои таъмини баробарии иҷтимоӣ дар парастиши дину мазҳабҳо озодии куллӣ дода шудааст. Дар баробари ин ба шарофати сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ тоҷикон таъриху тамаддуни куҳанбунёдашонро эҳё намуда, пайи омӯзиши асарҳои фарҳангиву маърифатии гузаштагон шуданд ва имрӯз аз ин мероси гаронбаҳои маънавии тоҷикон тамоми ҷаҳон истифода мебарад.

Давлати дунявӣ дар мамлакатҳои ҷаҳон ва луғатҳои гуногуни тафсирӣ ба тарзҳои гуногун шарҳу тафсир гардидааст, вале дар маҷмуъ ҳамаи ин таърифҳо мазмуни муносибати давлат ба динро тавзеҳ медиҳанд. Дар моддаи 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки «…ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

Ин меъёри Конститутсия ба мо имкон медиҳад, то иброз намоем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ ба аҳолияш озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба динро кафолат додааст. Ҳоло дар мамлакат пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар фазои сулҳу озодӣ, ҳамдилӣ ва таҳаммулпазирии хоси тоҷикона хушу хурсандона зиндагӣ ва фаъолият менамоянд ва давлат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, таъмини шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо вазифаи муҳимтарин мешуморад.

Дар вохӯрӣ Сарвари давлат бори дигар гуфтаҳои болоро тасдиқ намуда, дар баробари ин иброз намуданд, ки дар Тоҷикистон 99 дарсади аҳолиро пайравони дини мубини ислом ташкил медиҳанд. Аз ин ҷост, ки давлату Ҳукумат дар баробари таъмини шароити созгори эътиқодӣ ба пайравони дини мубини ислом ҳамчунин ба таълимоти инсонпарварона, таҳаммулгароёна, маорифпарварона, инсондӯстона ва созандаву бунёдии он арҷ мегузорад.

Бо ин мақсад дар мамлакат зиёда аз чор ҳазор масҷид, ки ибодатгоҳи пайравони дини мубини ислом ба шумор меравад, бунёд гардидааст. Таҳқиқоту омори расмӣ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ба ҳар 2000 нафар аҳолӣ як масҷид рост меояд ва ин дар ҳоле аст, ки дар аксари мамлакатҳои бузурге, ки дини исломро дини давлатӣ эътироф намудаанд, ин нишондиҳанда ба 5-6 ҳазор мерасад. Агар ҳамаи нишондиҳандаҳоро танҳо ба 70 соли пеш аз соҳибистиқлолӣ муқоиса намоем, баръало муайян мегардад, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ дар ин самт ба натиҷаҳои бисёр ҳам назаррас ноил гардидааст.

Аммо ҳамаи ин дастовардҳо то ҳол ба беҳтар гардидани сатҳи дониши динии мардум таъсири ҷиддӣ нарасонидаанд. Ҳарчанд давоми солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба масъалаи саводнокии динӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад, аммо натиҷаҳо ғайриқаноатбахш мебошанд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади беҳтар гардонидани саводнокии динӣ, махсусан омӯзиши арзишҳои дини мубини ислом чораҳои зиёде амалӣ шуданд, ки метавон чандтои онҳоро ба таври зайл номбар намуд:

-Таҷлили 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, бо иштироки олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё дар соли 2009.

— Тарҷума бо забони тоҷикӣ ва нашри китоби муқаддаси дини ислом Қуръони карим (се маротиба) ва ба аҳолӣ дастрас намудани онҳо.

— Таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон.

Сарвари давлат бо номбар намудани ҳамаи ин дастовардҳо дар суханрониашон диққати аҳли ҷомеаро ба он ҷалб намуданд, ки ин ҳама талошу кӯшиши роҳбарияти ҷумҳурӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор наовардааст. Баръакс дар байни аҳолии мамлакат хурофотпарастӣ, пайравӣ ба расму оинҳои барои мардуми тоҷик ва дар баъзе ҳолатҳо барои пайравони дини мубини ислом бегона, дур шудан аз либоспӯшии миллӣ ва коста гардидани ахлоқи ҷамъиятӣ аз зуҳуроте ҳастанд, ки аҳли ҷомеаро бояд ба андешаи амиқ водор созанд. Гуфтан мумкин аст, ки ин зуҳурот дар баъзе маврид ба таъсири фарҳанги бегонагон ва аксар ҳолатҳо ба нақшаҳои тарҳрезӣ намудаи гурӯҳҳои гуногуни манфиатдор, ки ҷонибдори паст намудани обрӯву нуфузи дин ва пайравони он дар саросари ҷаҳон ва ташаккули ғояи исломситезӣ мебошанд, вобаста аст ва ба таълимоти дини мубини ислом ягон вобастагӣ ва робита надорад. Аз ҷониби Пешвои миллат дар робита ба ин масъала чунин гуфта шуд: «…тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ, хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад».

Ин нуктаро гуфта, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки таърихи дарози миллати тоҷик чунин вазъиятро ба хубӣ ёд дорад, ки оқибати он беаҳамиятиву бетарафии ҷамоатчигӣ ва хурофотпарастии аҳолӣ ба заволи давлати миллии тоҷикии Сомониён дар асри X ва ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани Тоҷикистон дар асри XX сабаб гардид. Барои пешгирии ин гуна ҳолатҳо аҳли ҷомеаи мамлакатро зарур аст, ки барои баландтар бардоштани саводи динии аҳолӣ ва бо арзишҳои динӣ ошно намудани онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Барои ин зарур аст, ки ҷомеа ва давлат, бахусус ходимони дин дар ҳамбастагии зич фаъолият намуда, дар замири аҳолӣ эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз гузаштаи пуршарафро бедор намоянд. Тоҷик будан, ворисӣ аз ашхоси бузурги таърихиву фарҳангӣ, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ нақши бориз гузоштаанд ва ҳифзи мероси диниву фарҳангии миллат бояд маҳаки асосии ҳисси ватандӯстии ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро ташкил диҳад. Бо ин роҳ метавон ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ноил гардид, ки барои бунёди ҷомеаи фикран ва руҳан солим замина мегузорад: «Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басе арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд».

Дар баробари ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангии халқи тоҷик, тавре Сарвари давлат иброз намуданд, моро зарур аст, ки ба туҳмату буҳтон ва санги маломат нисбат ба дини мубини ислом низ бетараф набошем. Имрӯз дар замоне, ки мамлакатҳои ғарбӣ мехоҳанд бо истифода аз эътиқоди динии мардум ва сиёсикунонии дин дар минтақа ва ҷаҳон нооромӣ ба вуҷуд оранд, ҳар яки моро лозим аст, то бо таҳаммулпазирӣ, ҳамдиливу ягонагӣ, тарғиби ғояҳои инсондӯстона ва ҳурмату эҳтиром нисбат ба тамоми динҳои дигар ба ҷаҳон нишон диҳем, ки ислом дини тарғибгари ҷангу ҷидол набуда, балки ҷавҳари асосии ғояи онро боварӣ ба ҳамдигар, садоқат ба ватану миллат, инсонпарварӣ ва меҳру муҳаббати аҳли башар ташкил медиҳад.

Мутаассифона, солҳои охир бемаърифативу бетаҷрибагӣ, ноогоҳӣ, фаҳмиши нодурусти арзишҳои динӣ ва таълими динии ғайриқонунӣ ба он оварда расонид, ки дар ҷумҳурӣ зуҳуроти пайвастани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ афзоиш ёфт. Ҳарчанд давлату Ҳукумат дар самти пешгирии пайвастани аҳолӣ ба чунин ҳаракатҳои ифротӣ чораҳои зиёдеро амалӣ менамоянд, вазъ то ҳол ногувор боқӣ мемонад. Ҳаракату амалҳои террористиву ифротии солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар мамлакатҳои гуногун амалигардида нишон медиҳад, ки хоҷагони хориҷии онҳо мехоҳанд бо ин роҳ миллати тоҷик ва дини мубини исломро дар назари аҳли ҷомеа бадном созанд. Аммо бо қатъият метавон иброз дошт, ки хизматҳои шоёни фарзандони фарзонаи модари тоҷик ин доғи сиёҳро тоза намуда, ҳақиқати ҳолро бозгӯйӣ менамоянд.

Новобаста ба ин пешгирии ҳолати гаравиши ҷавонон ба ин ҳаракатҳо нигаронкунанда боқӣ мемонад. Роҳбарияти ҷумҳурӣ  ҷавононеро, ки аз хатояшон пушаймон гаштаву ба хотири ислоҳи вазъият кӯшиш менамоянд, авф намуда, дар бунёди ҳаёти осудаи ояндаашон кумакҳои амалӣ мекунад. Ҳар ҷавони тоҷикро, ки ба чунин амалҳои номатлуб маҳкум гардида, дар мамлакатҳои ҷангзада ва дар вазъияти бисёр нохуб умр ба сар мебарад, зарур аст, то масъулияти шаҳрвандиашро дар назди давлат, қарзи фарзандиро дар назди волидон, масъулияти падариву модариро дар назди фарзандон ва ҷомеа дарк намуда, рафтору кирдорашро ба манфиати давлату миллат ва оилаву аҳли ҷомеа амалӣ намояд, зеро дар яке аз ҳадисҳо гуфта шудааст, ки «беҳтарин инсон касест, ки ба мардум нафърасон аст».

Ин нуктаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падарона ва ба таври зайл иброз намуданд: «Онҳо бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа ба роҳ монда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии мамлакат ва имконоти фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд».

Ҷаҳолат, хурофотпарастӣ, пайравӣ ба арзишҳои барои фарҳанги мо бегона, иҷрои расму русум ва оинҳое, ки на дар фарҳанги тоҷикӣ ва на дар фарҳанги исломӣ мавҷуд ҳастанд, мардуми моро ба пайроҳаи танг ворид намудааст. Ноогоҳӣ аз фаҳмиши дурусти арзишҳои динӣ аст, ки давоми солҳои охир мардуми ҷумҳурӣ барои адои баъзе расму оинҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» манъгардида ва дигар урфу одатҳое, ки иҷрояшон дар дин ба фарз дохил намешаванд, хароҷоти зиёд менамоянд. Сарвари давлат ин нуктаро борҳо такрор намуда, бамаврид таъкид намудаанд: «Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аҳолиро ба ҷойи дода шудан ба хурофоту ҷаҳолат ба илмомӯзӣ, беҳтар намудани савияи дониши техникӣ, тараққиёту навсозӣ даъват намуданд. Иброз гардид, ки меъёрҳои ҳамзистии ҷаҳони навин бар пояи тараққиёти илмиву техникӣ бино гардида, давлатҳое, ки ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, маҷбуранд ба мамлакатҳои дигар вобаста гардида, зиндагӣ намоянд. Ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад, зеро ояндаи Тоҷикистон низ маҳз аз сатҳи маърифатнокии мардум ва пешрафти илму техника вобаста аст.

Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот иброз доштанд, ки сипари боэътимоди халқи тоҷик аз ҳама гуна ҷаҳолат, хурофот ва хатарҳои таҳдидзои замони муосир дар ҳамдиливу ягонагӣ, сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаву софдилонаи тамоми даҳ миллион аҳолии мамлакат ба хотири фардои софу дурахшон мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати мардуми ҷонфидояш мушкилоти зиёдро давоми таърих таҳаммул намуда, бо иродаву садоқати азалӣ ба давлату миллат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои бунёдии дини мубини ислом ба сӯйи оянда ҳаракат менамояд. Дар ин ҷодаи дароз, ки осониашро касе кафолат намедиҳад, танҳо меҳнату машаққати тамоми аҳолии ҷумҳурӣ метавонад моро ба қуллаи муваффақият расонад.

Ин аст, ки аз суханронии пурмуҳтавои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хулоса намуда, метавон қотеъона иброз намуд, ки Тоҷикистонро ояндаи дурахшон интизор аст ва мо насле хоҳем буд, ки бо вафодориву муҳаббатамон нисбат ба ҳар пораи хоки Ватан нурбахши фазои мусаффои Ватани азиз мешавем.

Даврон САФАРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Март 14, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Институти стратегияи рушди илму технология ва Донишгоҳи технологии Чендуи Чин баррасӣ шуд
«Стратегияи рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардид
Магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Туркманистон сазовори ҷойи сеюм гардид
Озмуни байналмилалии табодули малакаҳои таълими забони чинӣ барои омӯзгорони Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии Полоски Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи Форуми сеюми байналмилалии ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Беларус 25 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи Русия-Беларус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус оғоз шуд
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
НАМУНАИ ИБРАТ. Заҳмати модар Фараҳбахши нобиноро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардонид