Ҳамоиши наврӯзии «Корвони шодӣ» ба мардум шодиву нишоти беандоза бахшид

Март 30, 2024 09:58

ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 март бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи Майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши наврӯзии «Корвони шодӣ» баргузор шуд. Тантанаҳои наврӯзӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва хеле фараҳбахш баргузор гардида, аз дидани он хотири тамошобинони чорабинӣ хурсанду болида гардид. Саҳнаи зебои нотакрор, гулдухтарони зебо ва ҷавонписарон бо либосҳои миллии рангоранг ба ҳамоиш зебоию фараҳ бахшиданд. Тамошобинони ҳамоиш аз  шунидани сурудҳои миллию замонавии сарояндагон ба ваҷд омаданд. Чунин базми зебои рангоранг дилҳоро тасхир намуд. Дар ҳамоиш суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ба онҳо арҷ гузошта мешаванд, намоиш дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ҳозирин, меҳмонон ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ин ҷашни зебоипарастӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳама саломативу сарсабзии баҳорӣ ва ба Ватани маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзун орзу намуданд.

Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст. Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас – дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқ пайдо намудаанд, зеро Наврӯз ҳамчун шиноснома таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Аз ҷониби дигар, маҳз неъмати соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки Наврӯз бо ин ҳама шукуҳу шаҳомат ва расму ойинҳои неку созандааш дар сарзамини мо дигарбора эҳё ва таҷлил гардад. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифода аз суннату анъанаҳои неки миллиамон ба хотири шукуфоиву рушди ҷумҳурии азизамон ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ талош намоем ва тамоми имконияту неруямонро ба бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон равона созем».

Иброз гардид, ки Наврӯз ҷашни сирф табиӣ, рамзи бедории табиат, пайванди ногусастаниву ҷовидонаи инсон бо табиат ва пайки шодиву сурури хурду бузурги мардумамон мебошад. Бинобар ин, мо онро ҳамчун мероси пурғановати фарҳангиамон на фақат таҷлил менамоем, балки барои омӯхтану барқарор кардани ойину русуми азбайнрафтаи он талош менамоем.

Мояи ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст. Халқу миллатҳои зиёди дунё ин ҷашнро қабул намуда, онро бо анъанаҳои хоси худ таҷлил менамоянд.

Гуфта шуд,  ки мардуми мо аз замонҳои қадим Наврӯз, яъне ҷашни сари солро, пеш аз ҳама, бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза, сипас, бо зоҳири ороста, яъне сарулибоси тозаву озода истиқбол мегирифтанд ва ҳамеша умед доштанд, ки қадами соли нав бо файзу баракат шавад. Хушбахтона, ин русуми хуби наврӯзӣ ҳоло дар мамлакати биҳиштосои мо ривоҷи тоза пайдо намудааст.

«Мо бояд пайваста кӯшиш намоем, ки хонаву кошона, маҳалли зист ва ҷойи кори худро ҳамеша ороставу зебо нигоҳ дорем, зебоипарастӣ, озодагиву тозакорӣ ва ободониро ба одати доимии хурду бузурги мамлакат табдил диҳем, то ин ки тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азизи мо дар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёбад ва ҳар рӯзи Тоҷикистон мисли Наврӯз бошад», — гуфтанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат дар фарҷоми ҳамоиш аз номи худ ва аз номи кулли мардуми Тоҷикистон ба ҳамаи иштироккунандагони ин ҳамоиш, ҳунармандон, коргардонҳо барои омода намудани чунин намоиши зебо доир ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни наврӯзӣ миннатдории самимӣ баён намуданд. Президенти мамлакат ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва таҳиягарон, ҳунармандону ҳаваскорон барои дар сатҳи хеле баланду пурмуҳтаво барпо намудани ҳамоиши наврӯзии «Корвони шодӣ» арзи сипос намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳамоиши наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шакли нав ва пурмуҳтаво баргузор шуда, ба иштирокчиёни ин ҷашн  шодиву нишоти беандоза бахшид, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар саросари Тоҷикистони азиз мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 30, 2024 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт

Маводҳои таҳлилӣ