Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд

Март 21, 2024 13:57

ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бо иштироки намояндагони корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат, меҳмонон, ҳамватанон ва кормандони намояндагӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар медиҳад.

Дар чорабинии идона гӯшаи фарҳангӣ бо хӯроку шириниҳои лазизи наврӯзӣ ва хони ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, намунаҳои либосҳои миллӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ, асарҳои кулолӣ, асбоби мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии қадимии мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода оид ба сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мақоми  байналмилалӣ гирифтани Наврӯз ибрози назар намуд.

Ҳамзамон бобати муаррифии арзишҳои миллӣ, риояи суннатҳои анъанавии ҷашни бостонии ниёгон, бахусус хислатҳои нексириштӣ ва башардӯстию сулҳпарваронаи Наврӯз дар раванди ҷаҳонишавии он сухан гуфта шуд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ фарзандони ҳамватанон ва дипломатон бо қироати шеъру сурудҳои баҳорию наврӯзӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Март 21, 2024 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд