Ба Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2024 285 номзад пешниҳод гардид
ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои дарёфти Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2024, ки фасли тирамоҳ дар Норвегия тақдим мешавад, 285 номзад талабгор гардидаанд. Тавре дар изҳороти институти Нобели Норвегия омадааст, 196 нафар ва 89 созмон барои дарёфти ҷоиза пешбарӣ шудаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Як сол қабл институт 351 номинатсияро сабт намуд ва рекорди шумораи онҳо — 376 соли 2016 гузошта шуда буд.
Қаблан расонаҳои Норвегия ва ҷаҳонӣ дар бораи пешбарии номзадии Дабири кулли НАТО ва собиқ сарвазири Норвегия Йенс Столтенберг, миллиардери амрикоӣ Илон Маск, муассиси WikiLeaks Ҷулиан Ассанҷ, табиатшиноси бритониёӣ Дэвид Аттенборо, собиқ президенти ИМА Доналд Трамп, Попи Рим Франсис ва Дабири кулли СММ, Шурои Аврупо, ЮНЕСКО, Суди байналмилалӣ (СММ), Дафтари САҲА оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар, Агентии кумак ва кор бо гурезаҳои фаластинии Созмони Милали Муттаҳид дар Шарқи Наздик ва комиссари генералии он Филипп Лазарини иттилоъ дода буданд.
Номзадҳоро барои ҷоиза то 31 январ пешбарӣ намудан мумкин буд, баъди ба охир расидани ин муҳлат ҳуқуқи пешбариро танҳо аъзои кумита нигоҳ медоранд, ки метавонанд онро дар вохӯрии аввалинашон, ки одатан моҳи феврал баргузор мешавад, истифода баранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






