Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд

Март 27, 2024 17:42

ДУШАНБЕ, 27.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40- и ноҳияи Кушониён 4 синфхонаи иловагии муҷаҳҳаз бо аёнияти таълимӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён хабар медиҳад.

Синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён ва кумитаи падару модарони ин муассиса бунёд шуда, туҳфаи арзишманд ба хонандагони ин макони илму маърифат мебошад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ноҳия ба сокинони деҳа барои пеш гирифтани чунин ташаббуси наҷиб изҳори сипос намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфтанд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

Март 27, 2024 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд