Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи танзими ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Раиси вилоят таъкид дошт, ки ҳамасола аз буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоят барои таъмири роҳҳо маблағи муайян ҷудо мегардад, ки он бояд мақсаднок истифода шавад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Кулма навсозӣ гардида, имрӯзҳо кор дар ин самт аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон бо маром идома дорад. Ҳоло марҳила ба марҳила роҳҳои ҳудуди вилоят пурра навсозӣ мегарданд.
Дар робита ба ин раисони шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллиро дар доираи имконияташон таъмир намуда, ба рафту омади сокинон ба маркази вилоят ва ноҳияҳо мусоидат намоянд.
Иброз гардид, ки солҳои минбаъда роҳҳои ноҳияҳо низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра навсозӣ мегарданд.
Раис вилоят масъулини Раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилоят, Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ва шуъбаи зиддиинҳисориро вазифадор намуд, ки барои танзими нархи роҳкиро дар хатсайрҳои амалкунанда чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамзамон барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, сабзазоркунӣ ва тоза намудани атрофи роҳҳо, инчунин дар ҳар ноҳия дар шафати роҳҳо шинонидани дарахтони ороишӣ ва сояафкан дастур дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






