Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 8 март таҷлил мегардад, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, омӯзгорони филиалу коллеҷҳо ва литсейҳои донишгоҳ, омӯзгорони филиалу коллеҷҳо ва литсейҳои донишгоҳ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, хабарнигорон, занону духтароне, ки дар бахшҳои гуногун ва вазифаҳои пурмасъулият фаъолият доранд, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни ҷамъомади тантанавӣ ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолият фароҳам овардем».
Воқеан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи занон-модарони мамлакат боварии комил доранд ва мақому манзалати онҳоро дар раванди идоракунии давлатӣ сол то сол баланд мебардоранд, зеро нақши занону духтарон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ хеле баланд мебошад.


Пешвои миллат бо такя ба модарони заҳматқарини мамлакат зимни яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори Рӯзи Модар иброз намуда буданд, ки «ман ба неруи ақлонию зеҳнии занону модарони давлатамон такя месозам, чунки пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи ҳамин миллати тамаддунсоз, сарзамини биҳиштосо, фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ояндаи наслҳои имрӯзу ояндаи миллат ба занону модарон вобаста аст».
Таъкид гардид, ки дар раванди татбиқи амалии сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии занону духтарон раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки айни замон дар ин муассисаи таълимӣ беш аз 300 нафар занону духтарон фаъолият менамоянд, ба баланд бардоштани шароити иҷтимоии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа равона месозад. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки тамоми имконоту захираҳои мавҷудаи донишгоҳ бобати муҳайё сохтани шароити мусоиди фаъолияти занон истифода шавад.
Иброз гардид, ки занону духтарони донишгоҳ тамоми саъю кӯшишашонро ба таълиму тарбияи дурусти ҷавонон ва омодасозии мутахассисони баландихтисос равона менамоянд.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ ба омӯзгорону донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотпулиҳо тақдим гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон











Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд






