Дар Душанбе дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ҷамъомади илмиро ректори донишгоҳ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода оғоз бахшида, муҳимияти барномаро аз чандин паҳлуҳо дар робита ба самти таълиму тарбия дар қолаби оммафаҳми илмӣ шарҳу тавзеҳ дод.
Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаҳои нави давлатсозиву давлатдорӣ баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеаро шарти асосии пешрафту ташаккул ва бақои давлатдории миллӣ арзёбӣ менамоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори ботаҷриба нуктаҳои ҳассосу нозукро дар сиёсати кунунии ҷаҳонӣ дарк менамоянд. Ин ҳамоиш низ дар партави ҳамин сиёсат ҷараён пайдо намуд.
Гуфта шуд, ки дар ҳақиқат Донишгоҳи миллӣ субъекти асосии татбиқкунанда ва иҷрокунандаи барномаву стратегияҳои зиёд ба шумор меравад. Барои ин заминаи илмӣ, техникӣ, зеҳнӣ вуҷуд дорад. Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дарозмуддат буда, зина ба зина амалӣ намудани он вазифаи қишри зиёии ҷомеа ба шумор меравад.
«Имрӯз аз ҷониби давлату ҳукумат 29 барнома ва 27 санади қабулшуда ҳамчун заминаи ояндасози ҷомеаи маданӣ маълуму мушаххас гардидаанд», -таъкид намуд ӯ.
Дар анҷоми ҳамоиш фикру хулоса ва пешниҳоду таклифҳои онҳо шунида шуд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






