Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» дар асоси ҷадвали баргузории Фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байн рафта ва ривоҷ додани санъати пухтани таомҳои миллӣ бо иштироки занон-кадбонуҳои моҳири шаҳри Ҳисор гузаронида шуд.
Тибқи хулосаи ҳакамони озмун, кадбонуҳои муассисаи давлатии Литсейи касбӣ-техникии шаҳр ҷойи аввал, Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ҷойи дуюм ва муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ҷойи сеюмро сазовор гардида, бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






