Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модар пуршукуҳ таҷлил гардид

Март 7, 2024 16:57

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода занони Парлумони касбии мамлакатро табрик намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти ғамхорӣ ва дастгириҳои доимии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон-модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, вобаста ба имконият дар ҳаққи онҳо ҳамаҷониба ғамхорӣ зоҳир менамояд. Албатта, эҳтиром ва ғамхориву меҳрубониҳои Пешвои миллат нисбат ба занон-модарон барои ҳар фарди худогоҳу худшинос ва инсони комил намунаи ибрат аст.

«Сарвари давлат пайваста дар суханрониҳояшон калимаи «Модар»-ро ба забон оварда, ба мақому манзалати зан арҷ мегузоранд, бо ҳаяҷони гуворою эҳсоси баланди инсонӣ аз назокату нафосат ва лаҳни ширину лаҳзаҳои рангини рӯзгори Модар ёдовар мешаванд ва барои дар хизматашон пайваста қарор доштан таъкиду ҳушдорҳои пурҳидояту пуррисолате рӯи забон меоранд. Дарвоқеъ, Модар сабабгори ҳастии инсоният ва қавму миллатҳо буда, ба фарзандаш ҳаёт мебахшад, инчунин хислатҳои накутарини инсониро дар сиришти ӯ бо шири поки худ ҷой медиҳад. Албатта, барои мо ҷойи ифтихор аст, ки модари тоҷик чунин шахсияти нотакрору беназирро дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҳадя намуд, ки ӯ наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатсозии муосири миллӣ ва дар маҷмуъ, меъмори кохи бузурги давлатдории навини тоҷикон мебошад ва то ба имрӯз ба манфиати мардум ва рушду шукуфоии ҷумҳурӣ хизматҳои бемислу мондагори таърихӣ анҷом додааст», — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Гуфта шуд, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар ҳама зинаҳои ҳокимияти давлатӣ–мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроияю судӣ ва тамоми сохтору мақомоти дигари давлативу ҷамъиятӣ бо маром меафзояд. Имрӯз занон дар рушду нумуи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии ӯ ба поси заҳматҳояш қарзи ҳар инсони бошараф ва бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхориҳои ӯ расем.


Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббатеро беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар халқу миллат мебошад. Занон-модарони азизи мо дар танзими расму оинҳои мардумӣ, пешгирӣ намудани амалҳои номатлуби зоҳирпарастиву исрофкорӣ, дар маҷмуъ ба риояву татбиқи амалии қонунҳои миллии мамлакат «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  саҳми бориз доранд. Занон-модарони мо инчунин дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нақши бузург мебозанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки занону модарони иззатманд ва хоҳарону духтарон ин рисолати азаливу таърихиро минбаъд низ бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.

Ҳамчунин муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода, Файзулло Қосимӣ, Абдуҳалим Ғаффоров оид ба нақш ва манзалати зан дар ҷомеа сухан гуфтанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2024 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд