Дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз «Карнавали наврӯзӣ» доир мешавад

Март 18, 2024 13:27

ДУШАНБЕ, 18.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 24 март дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз «Карнавали наврӯзӣ» бо шукуҳу шаҳомати хосса доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Инчунин 23 март дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт  барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд. Наврӯзии ноҳияҳои пойтахт 23 март дар боғҳо ва «Карнавали наврӯзӣ» нимаи дуюми рӯзи 24 март дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути  барномаҳои  пуршукуҳи идона, баргузории  барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз  ватандорию  шукуфоии  мамлакат ва  арҷ  гузоштан ба мероси пурғановати ниёгон  дар  назар аст.

Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар даврони истиқлоли давлатӣ  ҷашну ойинҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз менамуданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Фалак,  Шашмақом, чакан, атласу адрас эҳё гардиданд.

Мояи ифтихор аст, ки  Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд. Имрӯз Наврӯзи оламафрӯз дар тамоми олам шинохта шудаву  мардумони дунё омадани онро пазмон мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 18, 2024 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд