Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон дар мавзуи «Раёсати Покистон дар Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай: навоварӣ, сармоягузорӣ, истиқлолияти нақлиётӣ, мубориза бо камбизоатӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин марказ иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки имсол раёсати Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро Ҷумҳурии Исломии Покистон ба уҳда дорад. Дар доираи ҷаласа масоили муҳимтарини ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳарбӣ-сиёсӣ ва фарҳангиву илмӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ мегарданд.
Иштирокдорон оид ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт табодули афкор намуданд. Афзалияти Покистон, ки имсол дар Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай раисӣ менамояд, баррасӣ гардид.
АКС: Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд






