Дар Олмон зарфияти фаровони манбаъҳои неруи таҷдидпазири Тоҷикистон муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Майнтси музофоти Федеролии Райнланд-Пфалтси Олмон «Муколамаи сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Каспий» баргузор гардид, ки дар кори он Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Имомуддин Сатторов дар баробари муаррифии зарфияти фаровони манбаъҳои неруи таҷдидпазир бо истинод ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба доираҳои олмонӣ таъкид дошт, ки «Тоҷикистон бояд то соли 2037 ба «мамлакати сабз» табдил ёбад».
Дар ҳошияи ин нишаст Сафири Тоҷикистон бо Вазири иқтисод, нақлиёт, кишоварзӣ ва соҳаи токпарварии музофоти федеролии Рейнланд-Пфалтс Даниела Шмитт ва роҳбарони ширкатҳои мухталиф оид ба ҳамкории мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






