Дар шаҳри Турсунзода майдончаи варзишӣ ва Маркази саломатии деҳоти «Чинор» ифтитоҳ гардид

Март 18, 2024 13:03

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва раиси шаҳр Парвиз Акрамзода майдончаи варзишӣ ва Маркази саломатии деҳоти «Чинор» ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Гуфта шуд, ки татбиқи ин ва дигар тадбирҳои созанда дар баробари фароҳам овардани шароити хуб барои рушди варзиш ва солимии сокинон, инчунин симои шаҳрро боз ҳам ободу зебо менамояд.

Таъкид гардид, ки иқдом  барои ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам оварда, дар ташаккули ҷисмонию маънавии насли наврасу ҷавон нақши назаррас мегузорад.

Ҳамзамон меҳмонон бо ҷараёни омодагии шабакаҳои обёрӣ, нашъунамои зироати кишоварзӣ,  сабзавот ва сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳои шаҳр шинос шуданд.

Изҳор гардид, ки кишоварзӣ яке аз соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар бахши аграрии мамлакат ислоҳоти заруриро амалӣ намуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2000   71 маротиба афзоиш ёфта, соли 2022 ба 49,3 млрд сомонӣ расонида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Март 18, 2024 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад