Дар тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар Ҳисор меҳмонон аз Узбекистон низ иштирок намуданд

Март 27, 2024 15:19

ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар наврӯзгоҳи Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор пуршукуҳ таҷлил гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар маросими тантанавию фарҳангии таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода, Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии муовини ҳокими вилояти Сурхондарё Ҷӯрабек Тӯраев ва фаъолону сокинони шаҳр иштирок намуданд.

Бо ёдоварӣ аз ваҳдату суботи комил, озодиву соҳибистиқлолӣ, сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз имконият фароҳам омад, ки ҷашни Наврӯз, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, мақоми байналмилалӣ гирад. Имрӯз Наврӯз бо таърихи қадимияш ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун ватани наврӯз эътироф намуданд.

Роҳбарияти вилояти Сурхондарёи Узбекистон таъкид дошт, ки бо ташаббуси Сарони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити ду давлат ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Иштироки ҳамсоядавлатҳо дар ҷашни Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллию суннатии ҳамдигар, равобити дӯстӣ ва ҳамкории байниҳамдигарии аҳли ҳунари ду миллат нишони ин гуфтаҳо аст.


Гуфта шуд, ки бо шарофати ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Ҳисор силсилаиқдоми бунёдкорӣ босуръат идома дошта, аз баракати он шаҳраку деҳот ободу зебо мегарданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Наврӯз аз зинда шудани табиат, оғози соли нави аҷдодӣ ва мавсими кишту кор мужда расонида, сокинони шаҳри Ҳисор дар радифи тозаву озода, ободу зебо ва сабзазоркунии хонаву кошона, маҳалли зист, шаҳраку деҳот ба истиқболи Наврӯз дастархони идона меороянд, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ташкил намуда, мавсими кишти баҳориро низ бо руҳияи баланду созанда оғоз ва вусъат менамоянд.

Намоиши театрикунонида ва барномаи консертии саршор аз шеъру таронаҳо дар васфи истиқлолу ваҳдат, баҳор ва Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки санъаткорони маъруфи ҷумҳурӣ ва бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор ба тантанаҳои наврӯзӣ шукуҳи идона зам намуд. Инчунин барои ҳайати меҳмонон аз вилояти Сурхондарёи Узбекистон дар боғи зимистонаи «Шаршара» бо иштироки меҳмонон, аҳли зиё ва ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон чорабинии фарҳангии «Шоми дӯстӣ» доир гардид, ки идомабахши тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва бозгӯи тавсеаи равобити дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Узбекистон буд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Март 27, 2024 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз беназир аст
«ХИДИРАЙЁМ». Дар ноҳияи Шуғнон ойинҳои наврӯзӣ намоиш дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Наврӯз роҳи расидан ба саодат, адолат ва дӯстиро тавассути эҳтиром ба решаҳои таърихӣ ва табиат талқин менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид