Дар Тоҷикистон солҳои охир шумораи мошинҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон солҳои охир шумораи мошинҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи маълумоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат, то 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёти автомобилӣ — сабукрав, боркаш, мусофирбар сабт шудааст. Як сол қабл ин омор ба 601 136 адад баробар буд.
Дар айни замон дар мамлакат 562 000 мошини сабукрав сабт шудааст. Соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав сабт шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки то соли 2013 истеҳсол шудаанд, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023 манъ гардидааст.
АКС аз бойгонӣ








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






