ЭЙ ЁРИ БАҲОРОЙИН, НАВРӮЗ МУБОРАК БОД! Суратгузориш аз ҷараёни таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ
ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангии театрикунонида баргузор гардид. Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллии мардумӣ бо иштироки гулдухтарону занони Академия баҳри муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ иқдоми тарғиботӣ доир гардид.
Дар зер аз ҷараёни баргузории ҳамоиш ва иқдоми тарғиботӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суратгузориш манзур мегардад.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон




















Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
ЛОЛАҲОИ ШУКУФОНИ ДУШАНБЕ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз кӯчаву хиёбонҳои гулпӯши пойтахт
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Ҷилваи мероси рангини тоҷикон дар Боку
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд






