ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 омодагӣ мегирад

Март 19, 2024 13:29

ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар Душанбе омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мешавад, оғоз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Сармураббии тими олимпии мамлакат Мубин Эргашев 26 бозигарро ба ҷамъомади тамринии Душанбе даъват намудааст.  Ба ҳайати даста чанд бозигари нав ҳамроҳ шуданд, аз ҷумла ҳимоятгарон Денис Першин («Арсенал-2», Русия), Даниил Алимов («Динамо» Владивосток, Русия), нимҳимоятгарон Ансор Ҳабибов («Арсенал», Русия), Ҷомӣ Назаров («CP Sarria», Испания), ҳамлагарон Меҳрон Мадаминов («Истиқлол») ва Одилҷони Анӯшервонӣ («TУС Диткерхен», Олмон).

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолонаш аз Ветнам ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо 20 ва 23 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои то 23-сола дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайиланд (22 апрел) неру месанҷад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 19, 2024 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд