Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 23.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо базми идона ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Иброз гардид, ки аз Наврӯзи соли 2023 то Наврӯзи нав дар ҷумҳурӣ бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигаргуниҳои куллӣ рӯйи кор омаданд. Маҳз аз баракати Истиқлоли миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва кӯшишҳои роҳбарияти мамлакат имрӯзҳо ин иди аҷдодии моро тамоми ҷаҳониён таҷлил менамоянд, ки ин мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар сокини Тоҷикистон мебошад.
Зимни он гуфта шуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром дорад ва онро чун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедории табиат эътироф менамояд.



Дар ҳақиқат ҷашни Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунё аст, ки бо фарорасияш аз оғози фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба асолати таърихии Наврӯзи оламафрӯз гуфтаанд: «Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст».
Чун анъанаи нек ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар байни воҳидҳои сохтории вазорат гузаронида шуд, бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон











Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд






