«МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН!». Пагоҳ дар шаҳри Кӯлоб таҳти ин унвон форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад

Март 4, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 04.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 марти соли равон дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Марҳабо ба Хатлони бостон!» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Хатлон».

Дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Марҳабо ба Хатлони бостон!» роҳбарияти вилояти Хатлон ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ, доираҳои сармоягузорӣ ва коршиносони байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Форуми мазкур дар доираи амалишавии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардида, ҳадаф аз баргузории он мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкорӣ дар самти рушди сайёҳӣ мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияту субот ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон дар ҷумҳурӣ шароити мувофиқ фароҳам оварда шуда, воридшавии сайёҳон ба ҷумҳурӣ сол то сол меафзояд.

Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ин самти муҳим ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта истодааст.

Дар айни ҳол дар қаламрави вилояти Хатлон 933 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд мебошад, аз ҷумла 721 ёдгории бостонӣ, 125 ёдгории меъморӣ ва 87 ёдгории монументалӣ.

Мояи ифтихор аст, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон, аз қабили «Қалъаи Ҳулбук» -и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш, мадрасаи «Хоҷа Машҳад»-и ноҳияи Шаҳритус, шаҳраки «Тахти Сангин» -и ноҳияи Қубодиён ва Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»-и ноҳияи Дӯстӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки ҳамарӯза сайёҳон ба тамошои ин мавзеъҳо меоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба вилояти Хатлон дар моҳи январи соли равон, дар умум, 33327 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ омадаанд, ки аз ин ҳисоб 3589 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

АКС: Рӯзномаи «Хатлон»

Март 4, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи Президент дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд