«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!

Март 29, 2024 14:15

ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар замимаи мобилии «МегаФон Life» Smart-интиқолҳо бо рақами телефон тавассути паёмрасон дастрас гардиданд. Қаблан интиқоли маблағ танҳо ба воситаи «Ҳамён» бо мушаххасоти корти бонкӣ ё рақами ҳамён (телефон) имконпазир буд, акнун имконоти замима васеъ шуданд.

Бо вуҷуди ин шарти ҳатмӣ нигоҳ дошта шуд: қабулкунандаи интиқол бояд муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бошад, ки дар толори оператор тартиби тасдиқкунии шахсиятро гузаштааст ва истифодабарандаи мушаххасшудаи «Ҳамён»-и «МегаФон Life» маҳсуб мешавад. 

Амали 1

Барои ирсоли маблағ бо рақами телефони мобилӣ «МегаФон Life»-ро кушода, ба қисми «Зангҳо» ва сипас ба «Чатҳо» гузашта, тамоси заруриро интихоб намоед. Дар равзанаи чат назди сатре, ки матни паёмак ворид карда мешавад, доирачаи сабз бо навиштаҷоти «TJS» инъикос меёбад.


Амали 2

Тугмаи  «TJS»-ро пахш намоед. Баъдан, аз истифодабаранда  face id ё  пин-рамзи  «Ҳамён» дархост карда шуда, клавиатура бо рақамҳо пайдо мешавад,  тавассути  он бояд маблағи интиқол, суратҳисобе, ки аз он  воситаҳои пулии  интиқолёбанда гирифта мешаванд.


Амали 3

Дар равзанаи кушодашудаи интиқол маблағро ворид карда, манбаеро, ки аз он маблағ фиристода мешавад, интихоб намоед. Вариантҳои дастрас: ҳисоби «Ҳамён», корти бонкии ба замима вобасташуда ё корти фаъолкардашудаи қарзии «Орзу».


Амали 4

«Интиқол додан»-ро пахш кунед. Ҳолати интиқол дар чат инъикос меёбад ва шумо мебинед, ки интиқол анҷом дода шуд.

Маблағи минималии интиқол дар паёмрасони «МегаФон Life» – 1 сомонӣ. Ҳаҷми якдафъаинаи интиқол на зиёда аз 5 759 сомониро ташкил медиҳад. Меъёри моҳона – 125 999 сомонӣ.


Маблағро зуд ва бехатар тавассути «МегаФон Life» интиқол диҳед ва навкунии онро то намунаи охирин фаромӯш насозед!

Замимаро метавонед бо суроғаи …. боргирӣ ва нав намоед.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Март 29, 2024 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш