МО-ЗИДДИ ХУРОФОТ! Он чашмҳои биноро кӯр ва гӯшҳои шунаворо кар менамояд

Март 31, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 31.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи минтақа зери таъсири таҳаввулоти ҷаҳонишавӣ, таъсири бевоситаи вазъи печидаву вахими имрӯзаи ҷаҳон тезу тунд ва нигаронкунанда шакл гирифтааст. Ин вазъияти печида обистани хатарҳо аст. Ин хатар ба давлату миллат, хатар ба ҳар шаҳрванд ва ба ҳар яки мо аст. Аз ин рӯ, замоне фаро расидааст, ки таҳдидҳои сиёсию геополитикӣ, идеологию амниятӣ, арзишию тамаддунӣ дарк ва омӯхта шаванд, тасвиру тафсир гарданд ва дар ин замина тадбирҳои фаврӣ бояд андешид. Фаромӯш набояд кард, ки масъулияти пойдории давлати миллӣ, истиқлолу суботу оромии он вазифаи ҷониву имонии ҳар фарди солимфикри Тоҷикистон аст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронӣ дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд, «бо хурофот мо ягон қадам пеш намеравем. Хурофот ба торикӣ мебарад, ба бадбахтӣ мебарад, на ба чизи дигар. Ҷавонони азизи мамлакат! Ҳама чиз дар дасти шумост. Ин Ватан, пеш аз ҳама, Ватани наврасону ҷавонони имрӯза аст. Ҳар кори неке, ки мо, калонсолон мекунем, барои шумо – насли ҷавони имрӯза мекунем. Ин Ватанро мо ба шумо мерос мегузорем».

Воқеан ҳам хурофот дар зеҳни мардуме шакл мегирад, ки дар бораи ин ё он мавзуъ дониши кофӣ надоранд ва маҳз дар байни гурӯҳҳое густариш пайдо менамояд, ки сатҳи донишу маърифаташон паст мебошад. Мубориза ба муқобили хурофоту ифротгароӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарину афзалиятноки мақомоти амнияти миллӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату ниҳодҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла аҳли маориф, сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин зиёиён, падару модарон, фаъолон, ходимони дин ва тамоми ҷомеа мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки ходимони дин дар самти решакан намудани хурофоту ифрот бояд нақши муассир дошта бошанд. Зеро пӯшида нест, ки аксари боварҳои хурофотии мардум ҳамчун унсурҳои динӣ таблиғ мешаванд ва бархе хурофотзада буданашонро ҳамчун «диндорӣ» нишон додан мехоҳанд. Дар ҳоле ки аз нуқтаи назари таълимоти динӣ хурофот чизе аст, ки аз доираи дин берун аст. Тавре коршиносон иброз медоранд, хурофот терроризму экстремизм нест, аммо зинаҳои нахусти майл ба зиёдаравию гумроҳӣ аст.

Имрӯзҳо ин гуна афрод рӯ ба сомонаҳои иҷтимоӣ овардаву дар баробари гумроҳии худ боз талош доранд зеҳни дигаронро низ олудаи ақидаҳои хурофотӣ намоянд. Ҳамзамон масъалаи танзими фазои иттилоотӣ имрӯз ба яке аз мавзуъҳои ҳассоси ҷомеа мубаддал гашта, ба шаклгирии афкори умум таъсиргузор шудааст. Бинобар ин, бохабарӣ аз вазъияти иттилоотии мамлакат амали зарурӣ дониста мешавад. Нодида гирифтани ин раванд, зоҳир намудани бетаваҷҷуҳӣ ба роҳу усулҳои шаклгирии он метавонад дар оянда ба суботу амнияти ҷомеа ва устувории вазъияти сиёсии мамлакат таъсири манфӣ дошта бошад.

Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов иброз намуд, ки ҳоло дар саҳифаҳои сомонаю шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ифротиёни зиёде ҳузур пайдо намудаанд, ки бар зидди манофеи давлату миллати тоҷик баромад менамоянд, ки ҳадафмандона идора мешавад.  Аз ин рӯ коршиноси тоҷик чунин мешуморад, ки бояд аз ҳоло даст ба кор шуд ва бар зидди ин гуна иғвоангезиҳои беасосу бемаврид дар шабакаи ҷаҳонии интернет мубориза бурд. «Дар фазои интернетии Тоҷикистон барнома, гуфтору наворҳои хашину тахрибию ифротӣ кам нестанд, балки рӯ ба зиёдшавӣ доранд. Қишрҳои осебпазири ҷомеа чун ба саҳифаҳои интернет ворид мешаванд, маводро мутолиа менамоянду ноогоҳона ба иғво дода мешаванд»,-изҳор медорад ӯ.

Тақсимоти нави ҷаҳон байни абарқудратҳо ва қудратталабон дар ҳаёти башарият тағйироти куллӣ ба миён овард. Ҷаҳонишавӣ имконияти бузурги пешрафт ва дар айни  замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст. Таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути васоити ахбори омма, ки дорои неруи бузурги таъсиррасонӣ мебошанд,  эҳсос мегардад. Дар баробари талқини сулҳу субот ва неъмати оромӣ ҳамзамон иттилоот ва Воситаҳои ахбори омма дар тарғибу ташвиқи ақидаҳои гурӯҳу созмонҳои террористӣ, ки ин зуҳурот бошандагони сайёраро ба ҷунбиш овардааст, нақши гӯшношунид  касб намудаанд. Ҳамзамон Воситаҳои ахбори омма дар амалӣ намудани манфиати ин ё он қувваву гурӯҳҳои муайян ба тариқи конкретӣ истифода мешаванд ва таҷрибаи дилхоҳеро низ баҳри қувваҳои манфиатҷӯ ба бор овардаанд.

Ҷомеашиносон бар ин назар ҳастанд, ки таассуб дар ҳар шакли ба омма дастрас метавонад хушунатзо бошад. Ҳар он касе, ки тафаккури таассубӣ дорад, ба терроризму ифротгароӣ ба осонӣ гузариш менамояд. Террорист аҳли гуфтугӯ ва муколама нест. Таассуби динӣ нисбат ба илм, мухолифати меҳробу минбар роҳе аст ба сӯйи бунбасти тафаккур, роҳе аст, ки инсонро ба нокуҷо мебарад. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, «таассуб (хурофот) чашмҳои биноро кӯр мекунаду гӯшҳои шунаворо кар месозад».

Зубайдулло Давлатов чунин мешуморад, ки террористону ифротгароён воқеияти зиндагиро дуруст дарк намекунанд, аз воқеияту рӯйдодҳо хулосаҳои нодуруст мебароранд. Онҳо аксар вақт аз аҳкоми динӣ донишҳои ноқис доранд. Вокунишашон ба андешаю амали дигарон хушунатбор аст. «Имрӯз телевизион, радио, рӯзнома, маҷалла, сомона, портал,  шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет ба фазо ва минбари муборизаҳои иттилоотӣ табдил ёфтаанд. Муҳорибаҳои иттилоотӣ бо истифода аз роҳу усулҳои мухталифи техникӣ ва электронӣ ба роҳ монда мешаванд. Назорати вазъи мубориза, ҳифзи иттилоъ, ҷанги киберӣ, ҷанги электронӣ, терроризми иттилоотӣ, муҳосираи иттилоотӣ, ҷанги психологӣ, ҷосусии саноатӣ ва иқтисодӣ номгӯи нопурраи воситаҳои муборизаи иттилоотӣ ба шумор меравад»,-иброз медорад мавсуф.

Бояд донист, ки яроқу аслиҳа барои ҷангҳои анъанавӣ макон, вақт ва шароити хоссаро талабгор аст. Аслиҳаи иттилоотӣ имкони истифодаи доимӣ, мунтазам, давомнокро  фароҳам меорад. Ҳамин аст, ки ҷанги иттилоотӣ муосир ва доимӣ ҳисобида шуда, муборизаи иттилоотӣ ба муборизаи устувору фарогир табдил ёфтааст.

Пас дар ин сурат чӣ бояд кард? Дар посух ба ин суол коршиноси Маркази тадқиқоти стратегӣ чунин мешуморад, ки акнун вақти он расидааст, ки аҳли қалам, зиёиён, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорони кордидаву таҷрибаи ҳаётандӯхта дар сомонаҳои интернетӣ маводу навору таҳлилу андешаҳои арзишманди ватанпарваронаи худро ҷой диҳанд, яъне дар фазои маҷозӣ «контенти мусбат» офаранд. «Фазои маҷозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба фазои тарғиби сулҳу салоҳ, суботу ваҳдат, дӯстии халқҳою миллатҳо бояд табдил дод. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлилҳо, мақолаҳо, мавқеъгириҳо, вокунишҳо, маводи ташвиқотию арзишсоз, савтию тасвирии ватандӯстонаро бояд ба таври васеъ ҷой дод. Зарур аст, ки ба хотири таъмини пешрафти зиндагӣ, ҳифзи сулҳу суботи комил дар фазои маҷозӣ сангардор ва муҳофизи Ватани азизамон бошем. Дар ин арсаи корзор истодагарӣ намудан, муваффақ шудан, далерию нотарсӣ нишон додан аз қаҳрамониҳои майдони набардҳои воқеӣ камӣ надорад. Ин андеша ҳосили мушоҳидаҳо аз набардҳои интернетӣ, киберӣ ва иттилоотии солҳои охир дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна ба шумор меравад»,-мегӯяд ӯ.

Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст. Ҳар коре, ки имрӯз мо баҳри ободии ин Ватан, ин сарзамин, ин марзу бум менамоем, мебояд онро аз дилу ҷон амалӣ намоем. Набояд фаромӯш намоем, ки қабл аз ҳама, мебояд ҷавононро тарбия кунем. Зеро ободии ин мамлакат, ояндаи дурахшони он дар дасти ҷавонон аст. Месазад, ки дар тарбияи ҷавонон, ки неруи созанда ва ташаббускор мебошанд, тамоми неруву тавонро сарф намуд. Чун ҳар амали хубе, ки барои сайқали дониш, рушди фардият ва аз худкунии илму технологияи ҳозиразамон барои ҷавонон анҷом медиҳед, яқин бидонед, ки подоши хубе ба даст хоҳед гирифт.  Пас, биёед баҳри ояндаи хубу дурахшони насли ҷавон бетафовут набошем, зеро дар тарбияи он ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулият доранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 31, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Дар шаҳри Риёз масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ гардид
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед