МУҶАССАМАИ «ДУОИ МОДАР» ДАР ХУҶАНД. Он рамзи муҳаббат, эҳтиром ва арҷгузорӣ нисбат ба бузургии Модар мебошад

Март 5, 2024 10:12

ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири муҳаббату эҳтиром, қадру манзалат ва бузургии Модар дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Муҷассамаи «Дуои Модар» қомат афрохтааст, ки ин иқдом бо ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст. Ин иқдом рамзи муҳаббат нисбат ба Модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии зан-модар ва қадршиносии заҳматҳои ӯ мебошад. Махсусан ҳоло ба муносибати Рӯзи Модар саҳни ин муҷассама гулзор гардидааст. Он бо фаввораҳои рангоранг ва гулгашти зебояш ба макони дилкашу назаррабо табдил дода шуда, макони сайругашти сокинон ва меҳмонон гардидааст. Чунин изҳор намуд дар арафаи Рӯзи Модар корманди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Сино Ғафурзода зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар». Дар зер  андешаҳои номбурда дар ин мавзуъ пурра оварда мешавад:

— Модар. Зери ин панҷ ҳарф меҳру муҳаббат, хушгуфториву хушрафторӣ, бузургӣ ва хоксорӣ ниҳон аст. Муҳаббату самимият ва шабзиндадориҳои модарро бо ҳеҷ чизи дигар баробар наметавон кард.

Модар ба андозае муқаддас аст, ки тамоми вожаҳои дунё дар васфу тараннуми ӯ оҷизӣ мекашанд. Зан-Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Ҳамин аст, ки дар васфи азамату шуҷоат ва бузургию нексириштии модар бузургони мо суханони беҳамто гуфтаанд ва имрӯз низ идомадиҳангони он кам нестанд. Модар хуршеди анвару моҳу ахтар ва бахту иқболи ҳар фарзанд буда, барояш чашмаи ҳаёт ва оғозбахши зиндагии пурсаодат аст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, «дар ақсои олам сатҳи фарҳанги ҳар қавму миллатро вобаста ба муносибати он ба занону модарон муайян менамоянд. Модари тоҷик ҳазорон фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳраш ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ намудааст».

Бояд гуфт, ки занон-модарон дар ҷомеаи хирадсолору адабпарвари мо аз эҳтироми хосса бархӯрдор буданду ҳастанд. Ин қадру манзалат дар даврони соҳибистиқлолӣ аз пештара ҳам бештар гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ саҳми занон-модаронро дар рушду нумӯи давлатдорӣ, тарбияи насли наврас, ободу зебо намудани мамлакат бориз арзёбӣ намуда, дар ҳама самтҳо онҳоро ба фаъолият ҷалб намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими нуктасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад». Ҳама эъҷозу парвоз, эҷоду бунёд ва мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии Модар аст.

Бузургони олам беҳуда нагуфтаанд, ки зеботарин фаришта, олитарин олиҳа, оқилтарин бону ва меҳрубонтарину нармдилтарин фард- ин зан –модар аст. Бояд мо ба қадри ин ганҷинаи бебаҳо бирасему доимо омодаи хизматаш бошем.

Ба нураш гарчӣ ин хуршеди ховар
Фаро гирад
ҷаҳонеро саросар,
Намегардад валекин он баробар
Ба ин пурқувват
ӣ бо меҳри модар. 

Барои фикру ёди пурумедаш,
Барои ҳурмати м
ӯйи сафедаш,
Ба
ҷон ҳам хизмату ҳурмат кунедаш,
Набошад то ки чашмаш ҳе
ҷ гаҳ тар. 

Бигузор Модар- ин олиҳаи ҳусн ва сутуни пурқуввати хонадон, таровати ҳаёту гармии қалби наздикон, такондиҳандаи гаҳвора ва ҷаҳон ҳамеша зиндаву поянда ва ҷовидон боқӣ бимонад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз Сино Ғафурзода

Март 5, 2024 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 56 нафар ронандагон аз сабти мақомоти андоз гузаштаанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ 1350 бех ниҳол шинонида шуд
Тоҷикистон бо ширкати «Acwa Power» дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамкориро густариш медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Федератсияи Русия мераванд
Чӣ тавр вақтро дар интернет бо манфиат истифода бурдан мумкин аст
Наврӯз дар Тоҷикистон имсол 20 март фаро мерасад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 19 дараҷа гарм мешавад
Дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо директори генералии Донишкадаи обуҳавошиносии Финландия мулоқот намуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар маҳаллаи «Зафар»-и шаҳри Душанбе беш аз 4 000 бех ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд