Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» шуруъ аз моҳи март филмҳои нав ба навор мегирад
ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 моҳи марти соли 2024 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар шаҳри Душанбе наворбардории филми ҳунариро бо номи шартии «Виҷдон» оғоз менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Филмнома дар Шурои бадеии «Тоҷикфилм» мавриди муҳокима қарор гирифта, барои наворбардорӣ пазируфта шуд.
Достони филм робитаи падар бо писар ва гуфтугӯйи байни наслҳоро дар ҷомеаи имрӯз тасвир менамояд. Фаъолияти яке аз қаҳрамонҳои филм дар ширкати сайёҳӣ маконҳои зебою дилфиреби Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад.
Дар филм нақши асосиро ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик Исфандиёр Ғуломзода мебозад.
Ҳамзамон Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҷиҳати татбиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии Иттиҳодияи истеҳсолию эҷодии «Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург» филми ҳунарии муштаракро бо номи шартии «Сукут дар кӯҳҳо» аз моҳи март то моҳи июни соли равон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навор мебардорад.
Саҳнаҳои филм асосан дар ҳудуди Тоҷикистон наворбардорӣ шуда, ҳунарпешаҳо ва хоҳишмандон барои нақшофарӣ тавассути кастинг ҷалб мегарданд.
АКС аз бойгонӣ








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






