НАМУНАИ ИБРАТ! Дар замини назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун 8 ҳазор қаламчаи гули садбарг шинонида шуда, боғи зардолу ва шафтолу бунёд гардидааст

Март 16, 2024 11:31

ДУШАНБЕ, 16.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар замини назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун 8 ҳазор қаламчаи гули садбарг ва дар 0, 2 сотих картошка шинонида шудааст. Дар як тарафи ин замин зиёда аз 30 бех дарахти зардолую шафтолу ғарқи гул буда, дар тарафи дигари он боғи нави зардолу бунёд гардидааст, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Раиси ноҳия Абдулҳафиз Одиназода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун чандин сол аст, ки дар замини назди бинои мақомот маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ парвариш намуда, ҳамчунин боғ бунёд карда, ҳосили онро барои таъмини хонаводаи худ ва захира намудан барои зимистон истифода мебаранд.

«Мақсади асосии мо аз ин амал на танҳо таъмини кормандон бо маҳсулоти кишоварзӣ, балки дар навбати аввал барои сокинон ва роҳбарони дигар ташкилоту муассисаҳо дар оқилона истифода бурдани ҳар порча замин намуна будан мебошад. Агар дар утоқҳои кории кормандони мақомот мушоҳида карда бошед, онҳо дар парвариши гулҳои хонагӣ ҳам мехоҳанд барои сокинони ноҳия намунаи ибрат бошанд. Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомот талош доранд, ки дар сабзгардонии муҳити зист ва тарбияи завқи зебоипарастии сокинон низ саҳм гузоранд», — илова кард номбура.

Раиси ноҳия хотиррасон намуд, ки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия новобаста аз шакли фаъолияташон таъкид гардидаанд, ки ҳар порча замини назди биноҳоро оқилона ва самаранок истифода баранд.

Дар ҳақиқат, тавре мушоҳида гардид, ҳар порча замини назди корхонаю муассисаҳо ва манзилҳои зисти сокинони ин ноҳия сабзу хуррам гардонида шуда, ба ғайр аз гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони меваю сояафкан, инчунин дар ин ҷо маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, картошка, қаламфури булғорӣ ва дигар сабзавот парвариш карда мешаванд.

Абдулҳафиз Одиназода изҳор дошт, ки сокинони ноҳияи Ҷайҳун дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамчун деҳқонону боғдорони асил ном бароварда, натиҷаи заҳмати шабонарӯзии онҳо буд, ки нишондодҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли гузашта хуб ҷамъбаст гардид. Имсол кишоварзони ноҳия мақсад гузоштаанд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аз як замин рӯёндани ду – се ҳосил тадбирҳои зарурӣ андешида, талош доранд, ба бозорҳои мамлакат маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, алалхусус пиёзи барвақтӣ бароварда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд. Дар айни замон дар баъзе хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дошта, ин маҳсулот бо нархи арзон ба бозорҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.


Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавсими ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷайҳун 80 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони 504 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 16, 2024 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи «Таҳкими идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардид
Дар шаҳри Конибодом корхонаи коркарди зардолу бунёд мешавад
Дар Тошканд ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуд
Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад