НАШУНИДАМ НАГӮЕД! Корвони наврӯзӣ ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе муждаи баҳор меорад

Март 19, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 19.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 март, соати 04:00 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир мегардад. Соати 06:00 корвони наврӯзӣ бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон навиди фарорасии Соли нави аҷдодиро бо нидоҳои нишотангези «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба Ватани хеш омад!» мерасонанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён.

Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад. Тибқи ҳисоби астрономӣ, сайёраи мо 20 марти соли 2024, соати 03:06-и вақти ҷаҳонӣ баробар ба соати 08:06-и вақти маҳаллӣ нуқтаи эътидоли баҳориро бурида мегузарад, ки тибқи он боз як рӯзи нав фаро расида, дар нимкураи шимолӣ оғози фасли баҳор шуруъ мегардад ва ин вақт ҳамчун вақти омадани Наврӯз дар Тоҷикистон ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии  Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ доир  мегарданд. Дар рӯзҳои ҷашнӣ  бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори  ҷашни фархундаи байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.

Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо баҳри  пешравиҳо бештар инъикос мегарданд.

Ҳамчунин дар тантанаҳои наврӯзӣ намоиши асарҳои рассомон, молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки имсол ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми ҷумҳурӣ ва пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути  барномаҳои  пуршукуҳи идона, маҳфилҳои ҳунарӣ ва ҳисси ифтихор аз  Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷлил мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз «Dushanbe travel»

Март 19, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?