НОРАКШАҲР ГУЛЗОР МЕШАВАД. Дар маркази шаҳр зиёда аз 52 ҳазор бех гул шинонида шуд
НОРАК, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва қабули меҳмонон дар шаҳри Норак, ки яке аз шаҳрҳои сайёҳии мамлакат маҳсуб мешавад, корҳои ободонию сабзазоркунӣ идома доранд. Сокинону соҳибкорон ва роҳбарияти ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар назди манзили зист ва биноҳои ташкилоту идораҳо гулҳои гуногун, аз ҷумла лолаю садбарг мешинонанд.
Имрӯзҳо баробари ба шаҳри Норак ворид шудан аз дидани биноҳои замонавӣ, чароғонии кӯчаю растаҳо, асфалтпӯш шудани роҳҳо, ободонии фароғатҷойҳо, майдончаҳои солимгардонӣ, рангобарангии биноҳои баландошёна ва гулу гулгаштҳо кас рӯҳу илҳоми тоза мегирад.
Тибқи иттилои директори Муассисаи манзилию комуналии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Маҳмадюнус Бобиев, дар маркази шаҳри Норак ва минтақаҳои он 52 ҳазору 182 бех гулҳои гуногунранги бунафш ва 15 ҳазор гули лола шинонида шуд.
Номбурда афзуд, ки дар гармхонаҳои муассиса 30 ҳазор гулҳои гуногун парвариш ёфта истодаанд.
Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Норак Акобир Ҳасанов иброз дошт, ки дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Дуконӣ, Пули сангин, маркази шаҳр ва мавзеи Найзираки шафати шоҳроҳи Душанбе-Данғара зиёда аз 30 ҳазору 110 бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинонда шуд.
Мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи дар соли 2023-2024, дар шаҳри Норак бояд 34 ҳазор бех ниҳол ва 387 ҳазор гулу буттаҳо шинонида шавад.
Сокинону масъулини шаҳри Норак дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бобати ҳифзи муҳити зист гулу буттаҳо ва дарахтони гуногун шинонида, дар маъракаҳои умумии ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






